Перейти к содержимому
 

Мавриди истифода қарор додани бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду қисм иборат буда, дар бинои 1-ум ҳуҷраҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, толорҳои маҷлисӣ, машваратӣ, китобхона, ҳуҷраҳои хизматӣ, компютерӣ, видеоконференсия ва мисли инҳо ҷойгир карда шудааст.

Дар маҷмуъ дар бинои нав инфрасохтори зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти адлия муҳайё гардидааст, аз ҷумла толори калони маҷлисӣ бо 500 ҷойи нишаст, толори хурди маҷлисӣ барои 140 нафар ва 7 толори машваратӣ ҳар кадом бо 40 ҷой омода аст.

Маркази қабули шаҳрвандон, китобхона, бойгонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, типография, ҳуҷраҳои видеоконференсия, сервер, ошхона, анборҳо, толори машқ бо таҷҳизоти варзишӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зидди сӯхтор аз ҳуҷраҳои техникии вазорат маҳсуб меёбанд.

Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва беҳдошти сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин мебошад.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Вазорати адлия қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори мақомоти адлия буда, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо мусоидат хоҳад намуд.

Бино бо истифода аз масолеҳи босифат ва таҷҳизоти муосир сохта шуда, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад.

Ифтитоҳи иншооти мазкур баёнгари таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолияти онҳо мебошад.

Бо бунёди бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд идораи зерсохтори вазорат низ дар ин ҷо ҷойгир карда шуд.

Иншооти нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандагии роҳбарияти олии кишвар ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.