
Пас аз музокироти сатҳи олӣ, маросими супоридани ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин ҷоизаи олии давлатии ба наздикӣ таъсисёфтаи Қазоқистонро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев тақдим намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти давлатиро "боз як тасдиқи сатҳи баланди эҳтиром ва эътимоди дуҷониба миёни кишварҳои мо" ва қадрдонии "хизматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистони бародар" тавсиф карданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба манфиати мардуми ҳарду кишвар минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.








