


4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии Эҳсонро ба истифода доданд.
Бинои Меҳмонхонаи Эҳсон дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Даврон Мирзозода сохта шуда, дорои 18 ҳуҷраи хоб барои қабули меҳмонон, тӯйхона ва тарабхона мебошад.
Меҳмонхона барои қабули 40 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он 50 ҷойи корӣ муҳайё гаштааст. Инчунин, толори барҳаво бо 150 ҷойи нишаст барои гузаронидани маросими тӯй ва ошхона бо 20 ҳуҷра бо пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ барои қабули мизоҷон пешбинӣ шудааст.
Намои берунӣ ва дохили меҳмонхона дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ бо назардошти унсунҳои миллии меъморӣ бунёд гардида, хизматрасонӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Саҳмгузорӣ дар ташаккули хизматрасониҳои муосир, рушди ҷаҳонгардӣ, муаррифии тамаддуни оламгири миллат, фарогирии сокинони маҳаллӣ ба кор ва меҳмоннавозии сатҳи баланд ҳадафи аслии таъсиси меҳмонхона дар ноҳияи Восеъ арзёбӣ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба хизматрасонии сатҳи баланд барои ҷаҳонгардон, тарғиби маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон, муаррифии таъриху анъанаҳои миллӣ ва дар ҳамин замина рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти сердаромад дар шароити кунунӣ ҷалб намуданд.
Гуфта шуд, ки роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин қисми долони нақлиётии Осиё маҳсуб меёбад ва бунёди меҳмонхона дар шафати он ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон, муаррифии маданияти баланди меҳмоннавозӣ ва беҳтар шудани инфрасохтори хизматрасонии минтақавӣ барои ҷаҳонгардӣ мусоидат мекунад.
Чароғонсозӣ, сабзкорӣ ва насби лавҳаҳои тарғиботӣ зебогии дучанди меҳмонхонаро дар шафати роҳи байналмилалӣ таъмин кардааст.








