Перейти к содержимому
 

ҲИСОР, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар яке аз минтақаҳои таърихии Роҳи бузурги абрешим маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи рамзии “Гӯсфанди ҳисорӣ”, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор амалӣ гардид, доир шуд. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иқдоми ҷумҳуриявии «Аз шаҳрванди Тоҷикистон буданам ифтихор мекунам»-ро доир менамояд. Аз ҷумла, дар Кохи «Суруш» барномаи фарҳангии бошукуҳ ва маросими супоридани шиносномаҳо ба шаҳрвандоне, ки нахустин маротиба соҳиби шиносномаи миллӣ мегарданд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Идома

Имрўзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст" ҷараён дорад.  Яке аз довталаби номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар гуруҳи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ Фарзона Раҳимова мебошад. Номбурда донишҷўи курси 3-юми донишгоҳи давлатии Хуҷанди вилояти Суғд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, маротибаи аввал аст, ки ширкат меварзад. Фарзона ба саволҳои доварон ҷавобҳои мушаххас дода, аз худ таасуроти амиќ гузошт. Тибқи иттилои масъулин дар номинатсияи зикргардида дар умум 107 нафар  иштирокчӣ буда, аз ин теъдод 18 нафарро гуруҳи сеюм ташкил медиҳад.

Дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Рўдакӣ маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳии соли 2023 бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон, афсарону сарбозон ва наздикону пайвандони навдаъватшудагон сурат гирифт. Нахуст дар ин тадбир масъулин ба сухан баромада иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат аз рўзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои  бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсус, таъмин бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар идома навдаъватшудагон дар назди ҳозирин савганди ҳарбӣ ёд намуда, иброз доштанд, ки дасти ҳам гирифта баҳри ҳифзи ин сарзамин мардонаву далерона камари ҳиммат мебандем.

Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Руссия мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба муҳорибаи ғайрикасбии унифайт миёни  наврасони 14-15,16 -17 сола ва ҷавонони 18-то 20 сола  баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши варзишӣ 12  варзишгар,1 мураббӣ ва як довар зери роҳбарии устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ,довари дараҷаи байналмилалӣ Баҳриддин Сироҷов  намояндагӣ карданд. Дар натиҷа  ба унифайтчиёни тоҷик муяссар шуд,то дар байни 36 давлати дунё  сазовори медалҳои гуногун гарданд.Аз ҷумла, Абдулло Давлатзода соҳиби медали тилло,Абдуллоҷони Баҳром,Саидҷон Раҳмонзода,Муҳаммадназри Холмуродов ва Юсуфҷон Табаров ба гирифтани нишони нуқраи сабқати ҷаҳонӣ мушарраф шуданд.

Дар Китобхонаи Марказии ноҳияи Нуробод 6359 нусха китоб мавҷуд буда, аз ин теъдод дар соли ҷорӣ 62 нусха китоби тозанашр дастрас гардидааст. Вале дар Китобхона дар баробари кам будани теъдоди китобҳо дигар мушкилиҳо низ ба чашм мерасад. Масъулин зимни суҳбат иброз доштанд, ки дар Китобхонаи бачагонаи ноҳияи Нуробод 3247 нусха китоб мавҷуд буда, аз ин шумора 36 нусхаи он дар соли ҷорӣ дастраси хонандагон гардидааст. Гуфта шуд, ки мо баҳри таъмин намудани хонандагон бо китобҳои бадеиву бачагона чораҳои мушаххас андешида истодаем, то ин ки насли наврас рў ба омўзишу азхудкунии донишҳои замони муосир оранд.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 77 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии олимпиада аз рўи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табии-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардид. Ба иттилоъи масъулин дар ин давр нахустин шуда аз муассисаҳои ҳудуди ноҳия ғолибони даври якуми олимпиада, маҳорати худро нишон дода, барои иштирок ба даври навбатӣ ҳуқуқ пайдо менамоянд. Гуфта шуд, ки дар ин рўз довталабони синфҳои 9, 10 ва 11 аз фанҳои математика, биология ва технологияи иттилоотӣ миёни ҳам сабқати дониш менамоянд. Олимпиада аз рўйи 13 фанни таълимӣ гузаронида мешавад.

ДУШАНБЕ, 07.11.2023 /НИАТ «Ховар»/. Республика Таджикистан по безопасности, стабильности и доверию граждан относительно правоохранительных органов заняла первое место среди 142-х стран мира. Информация получена из ежегодного рейтинга правопорядка Американского института «Gallup», сообщает НИАТ «Ховар».

В десятку рейтинговых стран входят Республика Таджикистан с показателем 96, Финляндия – 92, Исландия – 92, Кувейт – 92, Люксембург – 92, Норвегия, Вьетнам – 92, Швейцария – 91, Дания – 90 и Индонезия – 90.

По результатам опроса, проведенного авторами рейтинга, таджикистанцы заявили, что не чувствуют никакой опасности во время ночных прогулок и доверяют органам охраны правопорядка.

В прошлогоднем рейтинге Таджикистан занимал второе место.

9 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Идома

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карданд.

Изҳори умед карда шуд, ки ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, барои инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду кишвар ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд.

Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор кардани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.

Зимни суҳбат Сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.