Перейти к содержимому
 

Дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе даври сеюми олимпиадаи фаннӣ барои кӯдакону наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 7-ум ва 8-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Бино бар иттилои масъулин, дар даври минтақавии олимпиада шумораи умумии иштирокчиён 910 нафар хонандаро ташкил дод, ки 521 нафар хонанда аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 389 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ миёни ҳам сабқати зеҳнӣ намуданд. Олимпиадаи мазкур шаффоф ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид.

Чорабинии варзишӣ  бо ташаббуси мактаби варзишию фарҳангии мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқи касабаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ баргузор гардид. Дар мусобиқаи футболи хурд  шаш даста  ширкат варзид. Дар натиҷа дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии  варзишӣ, ки дар бештари бозиҳо имтиёзҳои лозимаро соҳиб шуд, ғолиби мусобиқаи мазкур дониста шуд. Ҳамчунин дар як вақт бо иқдоми  мактаби варзишию фарҳангии мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқи касабаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ мусобиқа аз рӯи шоҳмот ва шашка низ гузаронида шуд. Пас аз натиҷагирии ҳайати ҳакамон ғолибони мусобиқаҳо аз рӯи футболи хурд,  шоҳмот ва шашка муайян карда шуда, бо ҷом ва диплом қадршиносӣ гардиданд.

Даври  якуми озмун  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Аӣнӣ баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон аз 14 факултаи донишгоҳ ва сохторҳои мухталифи  ин макони илму маърифат фаъолона иштирок намуданд. Бар асоси натиҷагирии ҳайати ҳакамон танҳо беҳтаринҳо ба даври ноҳиявии ин тадбири ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Дар ин сабқат  наздики 200 нафар довталаб ширкат варзида, назди аъзои ҳакамон  дониш ва маҳорати хешро нишон доданд.

Дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар муаррифии китоби нахустини хонандаи синфи 8-уми МТМУ №56 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нозанин Раҳмониён баргузор  гардид.Китоби мавсуф «Парвози хаёл» ном дошта,он бо теъдоди 50 нусха пешниҳоди дӯстдорони каломи бадеъ гардидааст. Китоби зикршуда, ҳикояҳои хурди хонандаро дар бар гирифта, он аз ҳаёти талабагии хеш ва ҳамсинфонаш ин асарро эҷод намудааст.

Шумораи навбатии ин маҳфил бо ширкати адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода баргузор гардид. Тавре таъкид рафт номбурда, мунаққид, адабиётшиноси варзида, узви Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон, корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи С.Айнӣ буда, дар рушди адабиётшиносӣ, хоса самти матншиносӣ саҳми назаррас гузоштааст. Дар ҳамоиш зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки Аламхон Кӯчарзода муаллифи рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина» -и С. Айнӣ, Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми Мирзо Турсунзода, «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик», «Нақди матни осори С. Айнӣ, Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ, «Турсунзода: маҳорат ва садоқат», «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ" ва зиёда аз сесад мақолаи илмӣ ва илмӣ - оммавӣ мебошад.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни наврасон ва ҷавонони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид. Зимни баромади масъулин қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии аҳолӣ, махсусан ҷавонон пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ, муқовимат бо зуҳуроти  номатлуб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт Стратегияву барномаҳои муҳимро қабул кардааст.

Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Ҷорӣ намудани фанни технологияи меҳнат дар Муассисаҳои таълимӣ низ ҳар чӣ бештар ҷалб намудани хонандагон ба ҳунару касбомӯзӣ мебошад. Дарси технологияи меҳнат дар таълимгохи №94- уми пойтахт аз руйи барномаи таълимӣ дар як ҳафта ҳамагӣ як маротиба гузаронида мешавад. Дар рафти дарси мазкур ба хонандагон тарзи  дӯхтани либосҳои гуногун, бофандагӣ,  шерозбофӣ ва дигар ҳунарҳоро меомӯзонанд, ҳамзамон тарзи омода ва тайёр кардани хӯрокҳо ва хӯришҳоро низ ба хонандагон ёд медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус 2 феврал зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 1-уми сентябри соли 2022 дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ таъкид намуданд, ки «Дар давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон ва Русия дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар рӯзномаи муносибатҳои мо масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Саъю талошҳои мо дар роҳи тавсеаи имкониятҳо ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна ва олӣ ба забони русӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд».

«Имрӯз дар Тоҷикистон 39 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ мавҷуд буда, дар онҳо тақрибан 27 ҳазор нафар хонандагон таълим мегиранд. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди ҳафтод ҳазор хонанда мебошад», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Мавриди зикр аст, ки омӯзиши забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, шурӯъ аз синфи дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳудуди 4 ҳазор мактабро ташкил медиҳанд, омӯхта мешавад.Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ омӯзгорон аз Русия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба хонандагони тоҷик таълим медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ фаъолияти самаранок дорад. Илова бар ин, дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСиС» бомуваффақият фаъолият доранд.

Дар маҷмӯъ, бо назардошти донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои зикршудаи донишгоҳҳои Русия, шумораи ҷавонони тоҷик, ки бо таҳсил бо забони русӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз сӣ ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Имрӯз дар беш аз ҳафтсад донишгоҳи Русия ҳудуди бисту панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.

ДУШАНБЕ, 03.02.22023 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд. Ин тағйирот имсол ба Низомномаи озмун ворид гардидааст. Дар ин ду номина низ мисли дигар номинаҳои озмун иштирокчиён аз рӯи синну сол, яъне аз аз 12 то 17-сола ва  аз 18 то 40-сола иштирок карда метавонанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.

Ба гуфти мавсуф, бо пешниҳоди устоди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони мамлакат ин ду номина ба озмун ворид карда шуданд. Ҳадаф аз пешниҳод гардидани ин номинаҳо- дарёфти беҳтарин рассомон ва дизайнерон, тарғиби ин навъи санъат байни қишрҳои ҷомеа мебошад.

«Тӯли чор сол озмуни мазкур дар ҷумҳурӣ аз рӯи се номина- композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ доир мегардид. Имсол  озмун аз рӯйи 5 номина — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳамчунин номбурда иброз намуд, ки номинаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал гузаронида мешаванд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ иштирок мекунанд.

Дар Низомномаи озмун вобаста ба талаботи номинаи санъати тасвирӣ чунин омадааст:

«— дар иҷрои барномаи санъати тасвирӣ маҳорати рассомӣ, интихоби асар, мазмуни асари офаридашуда, масолеҳи истифодашуда ҳангоми офаридани асар ба эътибор гирифта мешавад;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;

— иштирокчии номинаи санъати тасвирӣ метавонад асари худро аз рӯи равияҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра, санъати ороиши амалӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, коркарди чӯб, бофандагӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ пешниҳод намояд».

Талаботи ба номинаи дизайн чунин аст:

«— дар иҷрои барномаи дизайнерӣ касбияти дизайнерӣ, диди нав, навоварӣ, эҷоди асарҳои мубрам ба эътибор гирифта мешавад;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;

— иштирокчии номинаи дизайн метавонад асарҳои худро дар равияҳои батика, гобелен, кошинкорӣ, мӯд, витраж, зебосозии либос, реклама, дизайни графикӣ ва ғайра пешниҳод намояд».

Ёдовар мешавем, ки имсол маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 210 000 сомонӣ зиёд мебошад.

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ситоди корӣ бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 декабри соли 2022 «Дар бораи баргузории чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2022» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоти и дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли равон маъракаи муҳими давлатдорӣ ба хотири ҳифзи сарҳад ва арзишҳои миллию муқаддасоти давлатӣ, сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор мегардад.

Ситоди мазкур зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода доир гардида, дар кори он роҳбарияти сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзои Комиссияи шаҳрию ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, роҳбарияти шаҳриву ноҳиявии комиссариатҳои ҳарбӣ ва комиссияи тиббӣ ҳузур доштанд.

Бо ин мақсад ҷиҳати анҷоми корҳо дар самти омодагии муташаккилона барои омӯзиш ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки сол аз сол шароити техникии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтар мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имконияти фароҳамгардида насли ҷавони мамлакатро вазифадор месозад, ки аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ накарда, барои ҳифзи марзу буми он доим омода бошанд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» саҳми ҷавонон дар ҳимояи марзу буми мамлакат таъкид гардид.

«Мо бо ҷавонони давлати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд», иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.