Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 03.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Нозирони навраси шаҳри Турсунзода дар озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ҷойи аввалро ишғол намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Идома

ДУШАНБЕ, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳ монда шуд. Дар доираи ин дар шаҳри Ҳисор даври аввали мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии деҳаю маҳаллаҳо гузаронида шуда, ғолибони даври якум барои иштирок ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии ҷамотаҳои шаҳраку деҳот, ки дар даври якум ғолиб гардида буданд, оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Идома