ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи охири моҳи ноябри соли равон, дар арафаи Рўзи Парчами давлатӣ барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» баргузор мегардад. Дар ин хусус дар «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, иттилоъ дода шудааст.
ИдомаРаздел: Хабарҳо
Омӯзгорони тоҷик дар Форуми байналмилалии ихтироъкории «При Эйфел» соҳиби 2 медали тилло шуданд.
ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «При Эйфел»-и Фаронса бо ихтирооти худ соҳиби 2 медали тилло ва 1 нуқра гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар таътили зимистона дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи каратэ-до баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар таътили зимистона дар Қасри варзишии ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ аз намуди каратэ-до баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд.

ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ИдомаДар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ дар соли 2024 доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиён «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 ба 4 адад зиёд гардид.
ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

3 НИШОНДИҲАНДАЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО БА ГУРӮҲИ «МАМЛАКАТҲОИ САБЗ» ДАР ҶАҲОН ВОРИД МЕСОЗАНД. Назари коршинос дар ин мавзуъ.
ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2017 дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ муаррифӣ гардида буд, аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро соҳиб гардида буд. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати давлатҳое, ки давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, ба таври алоҳида таъкид гардид. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари он мебошанд, ки мамлакати мо қадам ба қадам ба стратегияҳои қабулгардидаи худ ва ба иқтисодиёти босубот мегузарад. Чунин изҳори назар намудааст сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Қузратзода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.
Идома«ОШПАЗ-ҚАННОДИ БЕҲТАРИН». Дар шаҳри Хуҷанд байни ҷавонон озмун доир шуд.
ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни касбӣ таҳти унвони «Ошпаз-қанноди беҳтарин» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд.
ИдомаДар назди муассисаи таълимии деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнон майдончаи варзишӣ бунёд мешавад.
ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7- и деҳаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ оғоз бахшида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Давлатҳои ҷаҳон бояд партофти газҳои гулхонаиро коҳиш диҳанд, то Замин аз таъсири он ҳифз карда шавад.
ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад»,- чунин омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид.
