Перейти к содержимому
 

3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

Идома

3 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфтанд.

Идома

Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.

Идома

31 март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони воломақомро самимона истиқбол намуданд ва маросими аксбардории муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор гардид.

Идома

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанди назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва география барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд, ки дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд,  истиқбол намуда, дар ин бора изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳошияи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши канории сайёҳӣ-Муколамаи минтақавии давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар мавзуи «Наврӯз – қадимтарин мероси фарҳангию сайёҳӣ дар минтақа» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоби бачагона таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ..» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз  гардида, то 9 апрел дар саросари мамлакат идома меёбад. Фестивали имсола  ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бахшида мешавад.

Идома

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии  «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, то 9 апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад.

Идома

Шоми 31 март пас аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳои Қирғизистону Узбекистон муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона гусел намуданд.