Перейти к содержимому
 

22 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Қасри миллат дар маросими муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок карданд.

Идома

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ва санъати ороишии амалии ҳунармандони қазоқ, ки дар он ҳунари заргарӣ, тангаҳои қиматбаҳо, либосҳои миллӣ, миёнбандҳо ва дигар ҳунарҳои қадимӣ ба намоиш гузошта мешаванд, баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

22 август маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Идома

22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки гирандагони Стипендияи президентӣ аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Қазоқистон дар қатори кишварҳое қарор дорад, ки муносибатҳои давлатӣ-сиёсии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси эҳтиром, эътирофи баробар ва бародарона амалӣ намудааст. Ин сухани муқаррарӣ нест, балки воқеияти беш аз 30 соли охир мебошад. Ҷумҳурии Қазоқистон на танҳо дар сухан, ҳамчунин амалан Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақоми давлати ҳамсоя, дӯст ва шарики боэътимод эътироф ва қабул кардааст.

Идома