3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
ИдомаРаздел: Хабарҳо
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
ИдомаСарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
ИдомаТавзеҳот оид ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд.
ИдомаҚАРОР аз 13 январи соли 2024 №5 ш. Душанбе Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671.
Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
ИдомаФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
ИдомаВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ЯГОНАГӢ, ИТТИҲОД ВА ЯКПОРЧАГӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ.
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Миллат ва давлат дар арафаи ҷашни Ваҳдатӣ миллӣ қарор доранд ва мардум имрӯзҳо, замоне, ки даргириҳои хунин дар аксари мамлакатҳои олам идома дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳувиятӣ аз як тараф ва мушкилоти дигари иқлимӣ аз тарафи дигар, ки пайомадҳои номусоиди он тағйири боду ҳаво аст, мардум бештар ба мафҳуми ваҳдат, ки маънои он барои одамон якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб мебошанд, рӯй меоранд ва онро бояд пос доранд.
ИдомаТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Лагери дараи Камароби ноҳияи Рашт 150 хонандаро дар се давр ба истироҳат фаро мегирад.
ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт лагери истироҳатӣ барои мактаббачагон ба фаъолият оғоз намуд. Дар лагери мазкур 150 хонанда дар се давр ба истироҳат фаро гирифта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.
ИдомаСАЛОМ, ТОБИСТОН! Истироҳатгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа ба қабули наврасон шуруъ мекунад.
ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз истироҳатгоҳҳои калонтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — «Шабдез», воқеъ дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа таъмиру навсозӣ шуда, барои қабули хонандагон пурра омода гардидааст. Шурўъ аз 20 июн қабули наврасон ба ин истироҳатгоҳи тобистона оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
ИдомаДаври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» оғоз гардид.
ДУШАНБЕ, 14.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи технологӣ хабар доданд.
идома