Перейти к содержимому
 

9 сентябр Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО" оғоз бахшиданд.

Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманон Тошхӯҷаев бунёд карда шудааст.

Идома

9 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.

Идома

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид.

Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Идома

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мову шумо дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Фарорасии ин ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро ба мардуми мамлакат, аз ҷумла ба сокинони заҳматқарини ноҳияи Ашт самимона табрик гуфта, ба тамоми мардуми сарбаланди вилояти Суғд, бахусус, ноҳияи Ашт барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён менамоям.

Идома

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот намуданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони вохӯриро бо фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Идома

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” расман оғоз бахшиданд.

Идома

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар Корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Саноати Ашт”  бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Идома

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” шинос шуданд.

Идома

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”-ро дар деҳоти Ошоба баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Идома

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”, ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

Идома