Перейти к содержимому
 

Дар МТМУ №40 ш. Душанбе бо мақсади  эҳё намудани суннатҳои фарҳанги миллӣ озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Омӯзгорону хонандагони синфҳои 8 то 11 бо дастовардҳои ҳунари пазандагӣ  тайёр кардани хӯрокҳои мухталифи миллӣ ва хӯришу дигар анвои хӯрданӣ  ва таомҳои гуногуни миллӣ   ширкат намуда, маҳорату малакаи кадбонугии хешро манзури иштирокдорон ва аъзои ҳакамони озмун намуданд. Аъзои ҳакамони  ин тадбири маърифатӣ ба ҳунару маҳорати  духтарон аҳсан хонда, дар вақти натиҷагирии озмун ба ҳар иштирокдор баҳои сазовор пешниҳод намуданд. Мақсад аз баргузор намудани озмун, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ  ва омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона маҳсуб меёбад. 

Дар Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русию англисӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин машғулиятҳоро омӯзгорони ботаҷриба ва донандаи забонҳои хориҷӣ мегузаронанд. Дар маркази мазкур  насли  наврас ба омӯзиш ҳунарҳои зардӯзӣ, бофандагӣ,  навохтани асбобҳои мусиқӣ ва дигар касбҳо фаро гирифта шудаанд, ки онро бо ёрии омӯзгорони сохибтахассус аз худ менамоянд. Ба маҳфили  мусиқӣ  бошад  бештар писарон рақбат доранд.

Дар Факултети молия ва иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати ин Муассисаи олӣ марказҳои машваратии масъалаҳои сайёҳӣ,молия ва суғурта, гумрук, сармоягузорӣ,бонкию  қарзӣ,андозбандӣ  ифтитоҳ  гардид.Дар маросими ифтитоҳ масъулини ДМТ ва омўзгорону донишҷўён иштирок доштанд. Марказҳои  зикршуда, бо шароити  замони  муосир дар пояи кафедраҳои  Факултети мазкур ба истифода дода шуда,заминаи мусоидро барои баргузор намудани корҳои илмӣ,таҳқиқотӣ,анҷом додани таҷрибаомўзиҳои илмӣ-тадқиқотӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба маводҳои омории Кумитаву вазоратҳои дахлдор,шиносоӣ пайдо намудан бо адабиётҳои муосири илмӣ-иқтисодӣ фароҳам овард.

Дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маҳфили идона ба ифтихори Рӯзи Модар бо иштироки хонандагон ва омӯзгорони таълимгоҳ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур хонандагон доир ба қадру манзалати модар шеърҳоро аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик баҳри ҳозирин қироъат намуданд. Ҳамзамон таълимгирандагон бо иҷро намудани саҳначаҳои тарбиявї таъби аҳли нишастро болида намуданд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии  Литсейи барои хонандагони болаёқат  дар шаҳри Душанбе даври сеюми олимпиадаи «Spelling bee» ва олимпиада оид ба шоҳмот  байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.Дар даври минтақавии олимпиадаҳои мазкур 178 нафар хонанда аз 13  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва инчунин аз муассисаҳои типпи нав иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки дар олимпиадаи «Spelling bee» 85 нафар довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз Гимназияву Литсей байни худ рақобати зеҳнӣ намуданд. Дар олимпиадаи шоҳмот 93 нафар хонанда аз 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ширкат варзиданд.

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ бахшида ба Рӯзи  Модар  ҳамоиш дар мавзӯи «Нақши занон дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ фаъолзанон ва омӯзгорону донишҷӯёни Академияи мазкур иштирок ва дар мавзӯъҳои зан,модар, роҳбар, Зан ва Ваҳдат, суханронӣ намуданд. Тавре қайд гардид,имрӯз нақши занон дар баробари мардон дар сохторҳои гуногуни кишвар назаррас буда, дар рушду пешрафти давлат ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд.Айни замон шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла аз шумораи кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Дар Муассисаи томактабии №112 ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Тадбири мазкур бо иштироки тарбиятгирандагон ва модарону мураббияҳо  ҷараён гирифт. Хурдсолон бо лафзи ширини хеш дар васфи модар, «Ватан», «Баҳор» шеърҳо  қироат  намуданд. Инчунин дар бораи қадру манзалати модар саҳначаи тарбиявӣ низ иҷро карда шуд. Аз ҷониби дустрӯякон рақсҳои мавзун иҷро гардид, ки ба ҳозирин писанд омад.

Дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи обӣ» -и шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон ( мардон ва бонувон ) баргузор гардид. Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс нахустин сабқати расмӣ дар мавсими нав маҳсуб ёфта, тўли 3 рўз идома кард. Дар натиҷа миёни бонувон Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Нигора Олимова, Мавлуда Абдуллозода, Гулафзо Қақназарова дар вазнҳои худ чемпион шуданд. Байни мардон Шаббос Неъматуллоев, Меҳрон Шафиев, Баҳодур Усмонов, Меҳроб Ҳамидов , Меҳроҷ Зоидов, Воҳид Асроров, Бахтовар Сагизов, Некрӯз Салимов зафар ёфтанд.

Дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҶТ барои солҳои 2022-2026» курси омӯзишии «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид. Ба курси омӯзишӣ 50 нафар донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии кишвар ба муҳлати се моҳ ҷалб гардиданд. Баъди анҷоми  курси мазкур иштирокчиён бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.

Шурӯъ аз 1 март марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 оғоз гардид. Ёдовар мешавем, ки марҳалаи номнависӣ дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин миқдор шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар 44-тои онҳо 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ фаъолият мекунанд. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои пеш, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гуруҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Муҳлати марҳалаи асосии бақайдгирӣ то 30-юми апрел муқаррар гардидааст.