Перейти к содержимому
 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи афзалиятноки ҷомеъа таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Ҳамин аст, ки сол аз сол Муассисаҳои таълимиву томактабии замонавӣ  мавриди баҳрабардории насли наврас қарор мегирад. Муассисаи томактабии №15-и н. Исмоили Сомонии пойтахт  аз шумори ин иншооти замонавӣ аст, ки бо тарҳи хушсохти муосир тарҳезӣ шудааст.  Кӯдакистони мазкур аз 2ошёна иборат буда, барои 100 нафар кӯдак бунёд гардида истодааст.  Кӯдакистони  зикргардида  аз ҷониби ҶДММ «Партнер» сохта шуда, он аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе маблағгузорӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур дар сатҳи зарурӣ  идома дорад. Ёдрас мешавем, ки  аз рӯи нақшаи  Ҳукумати кишвар дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар ҷумҳурӣ  сохта, ба истифода супорида шавад.

Майдончаи солимгардонии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамасола тибқи нақша фаъолият намуда, дар соли ҷорӣ низ дар 4 баст амал мекунад. Айни замон басти сеюм идома дошта, дар он 40 нафар кӯдак ба истироҳату фароғат ва омӯзиш машғул ҳастанд. Тибқи иттилоъи масъулин нахуст кӯдакон ҳангоми ба ин макон омадан ба машқи пагоҳирӯзӣ ва обутоби бадан машғул мешаванд. Дар ин баробар онҳо дар дигар машғулиятҳо низ иштирок намуда, байни ҳам санҷиши дониш ва дигар мусобиқаҳоро роҳандозӣ мекунанд. Дар як вақт истироҳаткунандагон ба китобхона ҷалб гардида, дар синфхонаи махсус ба мутолиа ва омӯзишу азхудкунии  ҳикояву афсона ва дигар асарҳо машғул мешаванд.

Имрӯзҳо дар Муассисаҳои томактабии кишвар давраи солимгардонӣ ҷараён дошта, раванди он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Муассисаи томактабии рақами 83-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин давра хуб гузаронида шуда, ба кӯдакон шароити созгор муҳайё карда шудааст. Бино ба иттилои масъулин мураббияҳо аз рӯйи реҷаи корӣ, ки барои давраи солимгардонии кӯдакон омода гаштааст,машғулиятҳоро мегузаронанд. Машғулиятҳои кӯдакон бисёртар ба воситаи бозиҳои дидактикӣ ба роҳ монда шудааст, зеро дар ин давра онҳо ҳаматарафа обутоб ёфта, саломатиашонро боз ҳам инкишоф медиҳанд.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд. Ҳаминаст, ки ҳамасола дар айёми таътили тобистона кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд. Истироҳатгоҳи «Орзу» низ яке аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ буда, ҳамасола оғуши худро ба рӯи насли наврас боз менамояд. Айни ҳол дар истироҳатгоҳи номбурда басти сеюми итироҳат ҷараён дорад. Ба басти сеюми истироҳат 200 нафар хонанда фаро гирифта шудааст. Дар ин мавзеи зебо кӯдакону наврасон аз Муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъ омадаанд ва ҳамарӯза истироҳати онҳо аз машқи пагоҳирӯзи оғоз гардида, баъдан ба бозиву маҳфилҳои гуногуни зеҳнӣ машғул мешаванд Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Орзу» истироҳаткунандагон бо 4 вақт хӯрокҳои серғизо ва афшӯраҳои мевагӣ таъмин карда мешаванд.

Фаъолияти шаш моҳаи соҳаи маорифи пойтахт бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе  Дилбар Одилзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-юми ноҳияи Шоҳмансур натиҷагирӣ карда шуд. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Сарраёсат, директорони Муассисаҳои таълимӣ ва Муассисаҳои томактабии 4 ноҳияи  шаҳри Душанбе иштироки фаъолона доштанд. Қайд гардид, ки  айни замон дар шаҳри Душанбе 161 Муассисаҳои томактабӣ амал мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 31 ҳазор тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Теъдоди Муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат 199 ададро ташкил медиҳад,ки дар онҳо  зиёда аз 200 ҳазор насли наврас ба тадрис фаро гирифта шудааст. Таи солҳои охир барои  муайян намудани дониши толибилмон дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, барномаи е-дониш ба роҳ монда шудааст. Ин барнома робитаи  мактабро ба  волидон таҳким мебахшад. Аммо барномаи мазкур дар як зумра таълимгоҳҳои пойтахт хуб амалӣ нагашта ба он масъулону омӯзгорон  саҳлангорӣ менамоянд. Ҳамзамон масъалаи одобу ахлоқи хонандагон низ  муҳокима карда шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ин ҳолат  дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташвишовар аст. Сару либоси тавсиявӣ бошад дар аксар Муасисаҳои таълимӣ ва  Муассисаҳои томактабӣ миёни омӯзгорону хонандагон пурра риоя карда намешавад.

 Дар назди МТМУ №45 ш. Душанбе майдончаи солимгардонӣ таъсис дода шудааст, дар он 40 нафар кӯдакону наврасон дар 3-гуруҳ ҷалб шудаанд. Дар майдончаи мазкур машғулиятҳо рангину гуворо гузаронида мешавад, ки он аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз ёфта баъдан бо барномаҳои мухталифи фарҳангӣ идома меёбад. Масъулин ва мураббияҳои майдончаи солимгардонӣ мекушанд, ки насли наврас дар вақти таътил хуб истироҳат намуда, ба соли нави таҳсил омодагии ҳамаҷониба бинанд. Ва онҳо дар вақти гузаронидани машғулиятҳо, ба дониш ва ба забондонии кӯдакону наврасон аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Бояд қайд намуд, ки басти 2-юми майдончаи солимгардонӣ 12 рӯз идома меёбад.

ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, чанде пеш бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бинои Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншоот дар масоҳати 144 метри мураббаъ бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 7 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Осорхона аз ду ошёна иборат буда, шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар мегирад.

Дар ошёнаи якуми бино гӯшаи асарҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Президенти мо», бозёфтҳои ҷамъовардаи кормандони осорхона ва гурӯҳи кории бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида, осори таърихию фарҳангӣ аз ҳаёти гузаштаи тамоми ҳудуди ноҳияи Ховалинг дар қабати дуюми иншоот ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳар як гӯшаи осорхона вобаста ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дорои бозёфт ва ёдгориҳое мебошад, ки ҳар бинандаро бо гузаштаи пурифтихори ниёгони тоҷик ошно месозанд.

Дар Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии ноҳияи Ховалинг зиёда аз 4 ҳазор нигораи бозгӯкунандаи тамоми давраҳои таърихӣ, аз ҷумла 2 ҳазор осори заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, шишапораҳо, сафолоти гуногуни рӯзғордорӣ, зарфҳо, бозёфтҳои асбобҳои сангӣ ва дигар ёдгориҳо аз шаҳри Мунки бостонӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

Имрӯзҳо беш аз 10 нафар унвонҷӯи дохилию хориҷӣ дар ин осорхона ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд. Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллию таърихӣ бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, тасвирҳои таърихии он аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик дарак медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода нашриёти «Адиб» китоби рӯзноманигор, муҳаррир ва тарҷумон Раҷабалӣ Қудратзодаро бо номи «Фарзанди Осиё» мунташир намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Китоб, ки аз силсилаи мақолаҳои пурмазмуни муаллиф иборат аст, мероси адабии шоири маҳбубу зиндаёдро барҳақ чун сарвати гаронбаҳои миллати тамаддунсози тоҷик ва ҷузъи эътирофшудаи фарҳанги ҷаҳонӣ арзёбӣ намудааст. Ин комилан дуруст аст, асарҳои устоди каломи бадеъ Мирзо Турсунзода ба 60 забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шуда, борҳо бознашр гардидаанд.

Боби аввали китоб чунин зерсарлавҳа дорад: «Устод Мирзо Турсунзода аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат». Воқеан, бузургонро бузургон зинда медоранд. Роҳбари давлати тоҷикон аз нақши барҷастаи абармардон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар таърихи асри ХХ – уми халқи куҳанбунёдамон мудом ёдовар мешаванд, ки ин барои насли ҷавон оинаи ибрат буда, дарси хештаншиносист.

Боби мазкур бо чунин суханони ифтихорӣ ва самимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: — «Зиҳӣ Мирзо Турсунзода ва шеъри ҷаҳонгири ӯ», ки муҳтавои китобро ифода менамояд, ҷамъбаст мегардад.

Яке аз бобҳои дигар таҳти унвони «Се ахтари тобон» ба дӯстии устод Мирзо Турсунзода бо ду адиби забардасти дигар – Расул Ғамзатов ва Чингиз Айтматов бахшида шудааст.

Дар муқоваи китоб акси устод ҷой гирифта, дар қисми болои акси шоири ширинкалом кабӯтари сафед, кабӯтари сулҳ парафшонӣ дорад, ки худ як рамзи зебо ва таъкид бар он аст, ки Мирзо Турсунзода қосиди хастанопазири сулҳу ваҳдату дӯстӣ ва ҳамзисти халқҳои тамоми сайёраи мо буд.

ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли тобистон бо баланд шудани ҳарорати ҳаво хатари афзоиши ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ба вуҷуд меояд. Имрӯзҳо бештар дар байни кӯдакону наврасон гирифторшавӣ ба бемории дарунравӣ мушоҳида мегардад. Барои пешгирии худу фарзандон аз ин беморӣ чӣ бояд кард? Мухбири АМИТ «Ховар» бо ин савол ба мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Таманно Файзуллоева муроҷиат намуд.

Ба гуфтаи табиб, ҳарорати баланди фасли тобистон боиси афзудани бемориҳои дарунравӣ байни кӯдакон ва наврасон гардида метавонад. Зеро дар натиҷаи гармии баланд кӯдакон обу нӯшокиҳои на ҳама вақт ҷӯшонидашуда, инчунин баъзан меваю сабзавоти гуногунро ношуста истеъмол мекунанд.

«Гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар расонад. Зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм мубодила ва мувозинати оби организми онҳо метавонад вайрон шавад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва рӯзона нагузоранд, то онҳо зиёд дар зери шуъои сўзони офтоб гашту гузор намоянд. Онҳоро мебояд дар ҷойҳои салқин, аз ҷумла, сояи зери дарахтон, назди кӯл ва ё ҳавзҳои хонаҳои худ нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад. Бахусус, ба кӯдакон тез – тез нӯшонидани об тавсия дода мешавад», -изҳор дошт табиб.

Бояд гуфт, ки гармии аз ҳад зиёди ҳаво ба саломатии одамон, бахусус калонсолону кӯдакон таъсири зиёд дорад. Аз ин сабаб табибон ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони мамлакат тавсия медиҳанд, ки дуру дароз зери шуъои сӯзони офтоб наистанд. Зеро онҳо метавонад ба бемории гармозадагӣ гирифтор шаванд. Бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ табъи бадани инсон баланд мешавад. Инчунин дар ҳавои гарм, зери офтоб зиёд истодан, ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо дар он, инчунин дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.

Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, «фасли гармо ин муҳити созгор барои микроорганизмҳоеcт, ки ба гармӣ тобоваранд ва онҳо зуд афзоиш меёбанд. Ин фаслро мо, табибон фасли бемориҳои дарунравии шадиди меъдаю рӯда меномем. Чунки дар ин фасл ин бемориҳо зиёдтар авҷ мегиранд ва гирифторони он меафзоянд. Ин беморӣ бештар дар байни кӯдакони синну соли аз 1 то 5 сола ба қайд гирифта мешаванд. Сабабҳои ба чунин ҳолат расидан — ин риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ мебошад».

Табибон ба ин назаранд, ки дар рӯзҳои гарми офтобӣ одамон бояд аз обҳои тозае истифода кунанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои беҳдоштӣ бошанд.

Нӯшидани оби зиёд барои пешгирии беобшавии ҷисм мусоидат мекунад. Ҳамзамон тавсия дода мешавад, ки дар рӯзҳои гарми тобистон аз истеъмоли хӯрокҳои зуд вайроншаванда худдорӣ бояд кард. Бештар меваҳои тару тоза ва шарбатҳои мевагиро истифода кардан бамаврид хоҳад буд.

Ба гуфти мутахассиси соҳа, сабаби гирифтор шудан ба бемориҳои дарунравӣ — ин бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар атрофи он буда ба организми инсон ворид шуда, зарар мерасонанд ва шахсро ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда мубтало мекунанд.

Аломатҳои беморӣ, пеш аз ҳама ин дамиши шикам, дарди он, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез мебошад. Инчунин фишори хун паст шуда, набз тез- тез мезанад, даҳон, лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад.

«Агар ин аломатҳо дар ҳар инсон мушоҳида шаванд, дарҳол бояд доруи регидрон истифода намуд, то оби баданро барқарор намояд»,- таъкид намуд духтур.

Ба гуфти коршинос, «бояд ҳар оила доруи регидрон дошта бошад, зеро ин дору аз ҷониби табиби оилавӣ ройгон тақсим мегардад. Тарзи истеъмоли он чунин аст: дар як литр оби ҷӯшонида, як қуттии ин доруро илова карда, даҳ дақиқа нигоҳ дошта, сипас нӯшед. Ба кӯдакони ду-сесола дар ҳар даҳ-понздаҳ дақиқа аз он як қошуқи ошхӯрӣ додан зарур аст. Калонсолон бояд дар як шабонарӯз ду литр оби ин доруро нӯшанд».

Агар дар хона ин дору дастрас набошад, пас чӣ бояд кард?

Таманно Файзуллоева дар ин хусус чунин посух дод: «Дар ҳолати набудани доруи регидрон мо дар хона бояд онро худамон омода намоем. Яъне, дар як литр оби ҷӯшонида чор қошуқ шакар, як қошуқ намак ва як қошук сода илова намуда, баъди даҳ дақиқа нӯшидан мумкин аст».

Ба тавсияи табибон, агар аломатҳои ин беморӣ аз ду рӯз зиёд идома ёбанд, ҳатман ба табибон бояд муроҷиат намуд.

«Як омили пешгирии ин беморӣ- тозагии худ ва атрофи ҷои истиқомат мебошад. Дастонро пайваста бо собун шустан зарур аст. Аз оби ҷӯшонида истифода баред, ҳоҷатхонаҳо ва партовҳоро аз назди ҷӯйбор дур кунед, бо пашшаҳо мубориза баред, меваю сабзавотро шуста, баъд истифода баред, обҳои дар зарф бударо бо сарпӯш маҳкам нигоҳ кунед. Ҳар шахс мувофиқи талаботи Маркази санитарию эпидемиологӣ бояд дар 6 моҳ як бор аз муоинаи тиббӣ гузарад»,- маслиҳат медиҳад мутахассис.

Набояд фаромуш сохт, ки дар пеш моро рӯзҳои гармтарини фасли тобистон интизор аст, дар ҳолати беэҳтиётӣ кардан метавон ба ҳар гуна бемориҳо дучор шуд. Пас, эҳтиёт нисфи ҳаёт!

ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  Фестивали  яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан  доир мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2023 ба тавсиб расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ҳайати Комиссия, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали мазкур дар пойтахт тасдиқ гардид.

Барои баргузор намудани Фестивали мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағ  ҷудо менамояд.

Ёдовар мешавем, ки  тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» шанбе якуми моҳи июл дар Тоҷикистон Фестивали  яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан, инчунин Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ доир мегардад.