Аз 23 то 29 апрели соли равон дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо, аз он ҷумла дар ҶТ, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баргузор мегардад. Вобаста ба ин дар меҳмонхонаи Серенаи пойтахт нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорони Васоити ахбори омма доир гардид. Ҳамоиш оид ба хафтаи аврупои иммунизатсия дар ҶТ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" баргузор гардид. Мақсади асосии ин чорабинии муҳим баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва муҳофизат намудани кӯдакон аз бемориҳои сирояткунанда аз он ҷумла сил, гулузиндонак, сурхча баногӯшак, фалаҷ, кабудсулфа, сироатҳои ротавирусӣ мебошад.
Раздел: Хабарҳо
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба меҳмонӣ ба Суғд мераванд.
ДУШАНБЕ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 26 то 30 апрел аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштиҷ, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд меҳмонӣ сурат мегирад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.
Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур барномаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар дошта шудааст. Инчунин иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳру ноҳияҳо дидан менамоянд.
Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ЯГОНА НОМЗАД БА ВАЗИФАИ ПРЕЗИДЕНТИ CAFA МЕБОШАД.
Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатии вазифаи раиси ин созмон аст. Дар ин бора сомонаи расмии CAFA хабар медиҳад.
Рӯзи 2 май дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Бинобар иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мешавад. Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.
✔️ Номзад ба президенти CAFA (муҳлат барои чаҳор сол – 2023-2027):
1. Рустами Эмомалӣ (🇹🇯 Тоҷикистон).
✔️ Номзадҳои ноиби президенти CAFA:
1. Муҳаммад Юсуф Коргар (🇦🇫 Афғонистон).
2. Арслан Айназаров (🇹🇲 Туркманистон).
3. Равшан Ирматов (🇺🇿 Ӯзбекистон).
✔️ Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи КФО, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад:
1. Достонбек Конокбоев (🇰🇬 Қирғизистон).
✔️ Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи CAFA:
1. Ҳидоят Момбенӣ (🇮🇷 Эрон).
✔️ Номзади зан ба узвияти Кумитаи Иҷроияи CAFA:
Нест.
***
РУСТАМИ ЭМОМАЛИ БУДЕТ ЕДИНСТВЕННЫМ КАНДИДАТОМ НА ВЫБОРАХ ПРЕЗИДЕНТА CAFA
Нынешний президент Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации Рустами Эмомали является единственным кандидатом на ближайших выборах главы организации. Об этом сообщает официальный сайт CAFA.
Во вторник, 2 мая, в Душанбе пройдет восьмой Конгресс Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации. Как сообщает официальный сайт CAFA, в соответствии со статьей 31 Устава организации на восьмом Конгрессе пройдут выборы руководства Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации на новый четырехлетний цикл (2023-2027). На Конгрессе будут избраны президент, два вице-президента, член Исполнительного комитета Азиатской футбольной Конфедерации, представляющий CAFA, а также один член Исполкома Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации и одна женщина-член Исполнительного комитета CAFA.
✔️ Кандидат на пост президент CAFA (четырехлетний срок – 2023-2027):
1. Рустами Эмомали (🇹🇯 Таджикистан)
✔️ Кандидаты на посты вице-президентов CAFA:
1. Мохаммад Юсуф Коргар (🇦🇫 Афганистан)
2. Арслан Айназаров (🇹🇲Туркменистан)
3. Равшан Ирматов (🇺🇿 Узбекистан)
✔️ Кандидат в члены Исполнительного комитета АФК, представляющего CAFA:
1. Дастанбек Конокбаев (🇰🇬 Кыргызстан)
✔️ Кандидат в члены Исполнительного комитета CAFA:
1. Хедаят Момбени (🇮🇷 Иран)
✔️ Кандидат женщина-член Исполнительного комитета CAFA:
Нет.
Оғози даври шаҳрии озмуни «Доноякон».
Дар Муассисаи томактабии рақами 30-юми шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Доноякон» оғоз ёфт. Дар даври навбатӣ 43 нафар довталаб аз Муассисаҳои томактабии ҳудуди шаҳр иштирок намуданд. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди қобилияти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебопарастӣ ва хештаншиносӣ, парвариши меҳру муҳаббати кўдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб роҳандозӣ мегардад. Озмун тӯли ду рӯз идома ёфта, танҳо 12 иштирокчии фаъол имкони ба даст овардани мақомҳои ифтихориро пайдо месозанд.
Рушди футболи кӯдакона дар ноҳияи Ёвон.
Дар ноҳияи Ёвон барои варзишдӯстони наврасу ҷавон шароити мусоиди машқу тамрин фароҳам оварда шуда, толору майдонҳои зебову барҳаво ва муосири варзишӣ имкон медиҳад, ки намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ, бахусус футбол рушд кунад. Дар ин ноҳия дар радифи фаъолияти назарраси дастаи футболи «Моҳир» бо мақсади тақвият бахшидани футбол ва дарёфти кӯдакону наврасони болаёқат дастаи футболбозони наврас амал мекунад. Бо мақсади ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба бозиҳои варзишӣ, бахусус футбол, таъмини иштироки фаъолонаи дастаи футболи кӯдаконаи «Моҳир» дар ноҳия шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт озмун оғоз ёфт.
ДУШАНБЕ, 17.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт озмуни шаҳрии «Доноякон» оғоз гардид. Дар он 43 тарбиягиранда аз 37 муассисаи таълимии томактабии пойтахт байни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Озмуни мазкур дар асоси нақшаи чорабинии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусияти фардии кӯдакон баргузор мегардад.
Тибқи Низомнома озмуни мазкур дар 3 давр: муассисавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ гузаронида шуда, даври муассисавии он моҳи ноябр гузаронида шуд ва 239 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардид.
Дар умум дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 239 тарбиятгиранда аз 76 муассисаи таълимии томактабии шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар натиҷа 43 тарбиягиранда аз 37 муассисаи таълимии томактабии пойтахт ғолиб дониста шуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.
Тартиби баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибон аз рӯи саволномаи дар варақаи баҳогузории озмуни «Доноякон» ба роҳ монда шуда, ғолибон муайян мегарданд.
Аз ҷумла, барои нақли афсона, аз ёд намудани шеърҳо ва нақл аз рӯи расм то 10 хол ва барои шартҳои дигари озмун – номбар намудани калимаҳо бо овозҳои садоноку ҳамсадо, бо истифодаи 3 то 6 калима сохтани ҷумлаҳо, бо тартиб ҳисоб кардан аз 1 то 20 ва баръакс, тасаввуроти кӯдакон дар бораи ҳалли муаммоҳои математикӣ, расмкашӣ аз рӯи супориш то 5 хол гузошта мешавад.
Озмуни мазкур 20 апрел ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.
ДУШАНБЕ, 17.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 19 то 22 апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон (Носири Хурсрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Румӣ, Вахш, Данғара, Восеъ, шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб), шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (Ёвон, Норак, Турсунзода, Ҳисор, шаҳрҳои Ваҳдат, Душанбе) чангу ғубор ба амал меояд.
Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии вилояти Суғд (Истаравшан, Спитамен, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент) бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шимолӣ ба мамлакат ворид гардидааст), баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.
Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётӣ ва бурдани корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд.
Ба иттилои агентӣ, аз 19 то 22 апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят 19 апрел борони кӯтоҳмуддат борида, 20-22 апрел ҳавои бебориш дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. 19 апрел чангу ғубор боқӣ мемонад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. 19-21 апрел дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.
Забономӯзӣ дар Муассисаҳои таълимӣ.
Дар МТМУ №16 ш. Душанбе омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд. Тибқи маълумот 8 нафар хонандаи таълимгоҳ дар олимпиада аз фанни забони русӣ ва зиёда аз 15 нафари дигар аз фанни забони англисӣ дар озмуну олимпиадаҳои мухталиф ширкат варзида ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Дар Муассиса 3458 хонанда ба таълиму тадрис фаро гирифта шудааст.
Таълиму тарбия дар Кӯдакистонҳо.
Таълиму тарбияи то мактабӣ заминаи муҳимтарини ташаккули шахсият ва таҳкурсии устувори омӯзиш буда, ҳамчун баёнгари самти дастовардҳои кӯдакон дар фаъолияти ояндаи онҳо мебошад. Дар марҳилаи ҳозира омода намудани кӯдакон ба мактаб масъалаи муҳим ба шумор меравад ва дурнамоии рушди мактаб аз бисёр ҷиҳат ба ҳамин масъала вобаста аст. Машғулияти мазкуреро, ки мураббиёни Кӯдакистони рақами 12- уми ш. Душанбе доир намуданд, дар он кӯдакон фаъолнокии хешро дар қироати шеър, сурудхонӣ ва ташкили бозиҳои гуногуни варзишӣ нишон доданд. Мақсади асосии барнома ин мусоидат кардан ба рушди ҳаматарафаи кӯдакони синни томактабӣ, омӯхтани муносибатҳо ва роҳҳои нави корбарӣ бо мураббиён, падару модарон ва кӯдакон, маълумотнокии мураббиён оид ба тайёр кардани кӯдакон ва ҷалби пурраи аҳли ҷомеа ба мактаб мебошад.
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Душанбе Фестивали ҳунармандон доир карда мешавад.
ДУШАНБЕ, 12.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории даври дуюми Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Фесивал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
Тибқи қарори мазкур, Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор кардани Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тадбирҳои дахлдор андешанд.