Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — иштирокчиёни Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар деҳкадаи Бӯстонсарои ҳукуматӣ маҳфили «Шоми дӯстӣ» барпо намуданд.

Дар «Шоми дӯстӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, бо намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо шинос шуданд.

Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табии давлати мо ба маъраз гузошта шуда, ба меҳмонони олимақом бисёр писанд омад.

Дар роҳравҳои алоҳида ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун пешкаш гардид.

«Шоми дӯстӣ» барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бисёр писанд омад ва меҳмонони олимақом бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони ҷумҳурии мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /НИАТ «Ховар»/. 14 сентября Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон с главами государств Центральной Азии — Президентом Республики Казахстан Касым-Жомартом Токаевым, Президентом Туркменистана Сердаром Бердымухаммедовым, Президентом Республики Узбекистан Шавкатом Мирзиёевым и Президентом Азербайджанской Республики Ильхамом Алиевым в городе Душанбе посетили выставку товаропроизводителей государств Центральной Азии.

Идома

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озорбойҷон — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷой Илҳом Алиев дар шаҳри Душанбе ба Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ташриф оварданд.

идома

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертӣ – «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Аҳли фарҳангу санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири анъанаҳои деринаи милливу ҳамҷаворӣ ва равобити ҳасанаи мамлакатҳоро дар баромадҳои худ ба таври шоиста тарранум ва пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.

Мардумони давлатҳои Осиёи Марказиро муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоягии нек, дарки умумият ва ҳампаймонӣ бо якдигар мепайвандад ва ин давлатҳо ба рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу санъат таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёд доранд.

Дар ҳамин замина пойдории муколамаи боэътимод ва рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо, яке аз авлавиятҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории амнияту субот дар минтақа мусоидат менамояд.

Барномаи муштараки рангини консертӣ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки инъикосгари анъанаҳои деринаи дӯстиву ҳамкории ояндадори давлатҳои минтақа буд, хеле дилписанду фараҳбахш доир гардид ва меҳмонони олимақом ба ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангу санъат баҳои баланд доданд.

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар Қасри миллат меҳмони олимақомро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро самимона пазироӣ намуда, ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар Қасри миллат дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маросими супоридани мукофоти олии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Маросими тантанавии супоридани мукофоти олӣ бо иштироки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон доир шуд.

Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои саҳми барҷастааш дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмиқи ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои минтақа дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки мамлакатҳои минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин кӯшишҳои чандинсолаи шахсии ба бунёдкорӣ ва рушди бемайлон равонанамудааш, мукофоти олӣ – «Нишони фахрӣ»-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов тақдим намуданд.

Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозии самимӣ ва ба Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои қадршиносӣ изҳори сипос намуданд.

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри миллат доир шуда, сарони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд.

Идома

ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябри соли 2023 бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиëи Марказӣ барои доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ брифинг баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаи ҳамоиш қабули бастаи панҷ санад буд, ки яке аз онҳо аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расидани Изҳороти муштарак мебошад.

Дар ин санади стратегӣ роҳбарони давлатҳои минтақа аҳамияти истисноии механизми вохӯриҳои машваратиро барои таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бори дигар тасдиқ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки сарони давлатҳо ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои минтақавӣ танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дар заминаи баробарӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар мебошанд.

Ҳамзамон сарони давлатҳо дар заминаи баррасии масъалаҳои амниятӣ мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор доданд.

ДУШАНБЕ, 14.09.2023./ АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки солҳои охир афзоиши сареи таваҷҷуҳи расонаҳои хабариро ба Осиёи Марказӣ мушоҳида менамоем.

«Фазои ВАО аз маълумоти гуногун, баъзан мухолиф ва таҳрифшуда дар бораи вазъи минтақа пур шудааст. Зарур аст, то барои ташаккули фазои иттилоотии дӯстии воқеӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, ки на ба тахмину фарзия, балки ба далелҳои ҳақиқӣ асос ёфта бошад, тадбирҳои амалӣ андешида шавад. Бо ин ҳадафҳо мо пешниҳод менамоем, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Ëдовар мешавем, ки дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ –Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок намуданд.

ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.

Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд. Аз ҷумла,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,

— дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,

— дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав,

— дар Боғи Наврӯзгоҳ намоиш-фурӯши шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ намоиш-фурӯши шаҳри Ваҳдат,

— дар Боғи Кӯли Ҷавонон намоиш-фурӯши ноҳияҳои Варзоб ва Сино доир мегардад.

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи магистратура тибқи барномаи дуалӣ (1+1) иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур хабар доданд.

Дар ҷамъомад Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода вобаста ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иброз дошт, ки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду ҷумҳурӣ дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд. Дар баррасии масъалаҳои муҳими дорои моҳияти байналмиллалӣ ва минтақавидошта мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.

Баъдан дарси кушоди Вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон баргузор шуд.

Сипас дар фазои тантанавӣ Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, Вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон Саясат Нурбек ва Ректори Донишгоҳи миллии Авруосиёгӣ ба номи Л.Н.Гумилёв Ерлан Сидиков ба хатмкунандагони зинаи магистратура тибқи барномаи дуалӣ (1+1) дипломҳоро тақдим намуданд.

Инчунин меҳмонон бо Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат, Маркази ҳуқуқи кӯдак, Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо, толорҳо ва синфхонаҳо шинос шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор муассисаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва табодули таҷрибаи коршиносони соҳавӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.