Перейти к содержимому
 

Дар Филиали муассисаи давлатии маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе аз соли 2017 инҷониб роҳандозӣ мегардад. Тибқи низомнома ба довталабон аз рӯи 8 фанни таълимӣ саволномаҳо пешниҳод карда мешавад. Бояд гуфт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.

Рӯзи 3-юми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-уми шаҳри Душанбе бо садои фораму дилнишини карнаю сурнай оғоз ёфт. Ҷашнвораи китобро хонандагону омӯзгорони таълимгоҳи мазкур, аҳли адаб ва намояндагони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар,   инчунин дигар китобдорон бо хондани шеъру порчаҳои назмӣ дар васфи китобу муаллим ва дониш, хушу хотирмон истиқбол гирифтанд. Нахуст аҳли адаб аз намоиши дастовардҳо, китобҳои тозанашр  ва ҳунарҳои  хонандагони муассисаи мазкур  дидан намуданд. 

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар МТМУ №50-и шаҳри Душанбе бо иштироки шоирону нависандагон, омӯзгорон, китобдорону хонандагон баргузор гардид. Дар саҳни Муассиса китобҳои тозанашри адибон ба намоиш гузошта шуда буд. Хонандагон дар бораи китоб  суханҳои пурмазмунро пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар идомаи тадбири мазкур шоираи ширинкалом Шаҳрияи Аҳтамзод суханронӣ карда, қайд намуданд, ки воқеан дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Зеро миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. 

Дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" идома ёфт. Дар  рӯзи дуюм хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе тибқи низомномаи озмун аз рӯйи номинатсияҳои қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои «Шоҳномахонӣ», дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида, луғатдонӣ, тасвири расми беҳтарин аз рӯйи корномаҳои қаҳрамонҳои «Шоҳномахонӣ», намоиши саҳнача аз рӯйи достонҳои «Шоҳномахонӣ» донишу маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамони озмун гардониданд.

Баъди хулосабарории ҳайати ҳакамон ғолибони озмун бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз гардид. Хонандагон аз ашъори шоирон оид ба мутолиаи китоб ва дӯст доштани ин шуғл шеър қироат намуданд. Кӯдакону наврасон бо адибони шинохтаи тоҷик суҳбат намуда, таасуроти хешро доир ба китобҳои хондаашон баён намуданд. Рӯзҳои дигари Фестивал ва ҷамъбасти он тибқи нақшаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ, бо иштироки адибон, олимон ва коршиносони соҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Файзобод баргузор мегарданд.

ДУШАНБЕ, 04.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар маросими гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ барпо гардид. Садҳо нафар ҷавонони матину шуҷоъ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилоят бо рӯҳияи баланду ифтихори соҳибватанӣ саф ороста, ба маҳалли баргузории чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» ҳозир шуданд. Қабл аз оғози ҳамоиш дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими «кулчагазон» баҷо оварда шуда, модарон ба фарзандони наваскари худ дуои нек доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар маросими гусели наваскарон ба 1000 нафар даъватшаванда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар ҷамъомад Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони бо нангу номуси мо барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар–Ватан ҷамъ омада, баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳиммат бастаанд.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад».

Раиси вилоят аз масъулиятшиносӣ, ташаббуси ватандўстона, ҳувияти баланди миллӣ, матонату ҷавонмардии ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, ба волидайни онҳо барои тарбияи ҷавонписарони боғайрату баномус изҳори сипос намуд.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон пайваста ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони мамлакат, инчунин ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоянд, ки «зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мо бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст».

Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимеро ба анҷом расонида истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда 1000 нафар даъватшавандагон ҳар сол ба курсҳои ронандагӣ ва ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегардиданд. Тайи ду соли охир бошад, шумораи ҷавонони синни даъватие, ки ба курсҳои ронандагӣ ҷалб мешаванд, ба 1500 нафар расидааст.

Раиси вилоят ба масъулини ноҳияҳое, ки нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзҳои аввал ба анҷом расонидаанд, изҳори сипос намуд.

Дар баробари ин, бо истинод ба таҳлилҳои анҷомёфта гуфта шуд, ки дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз беэътиноии волидайн, ба таври зарурӣ корбарӣ накардани масъулини соҳа, мувофиқи матлаб баргузор накардани чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон иҷрои нақшаи маъракаи даъват кашол ёфта буд. Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки корҳои оммафаҳмонӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва варзиширо дар байни аҳолӣ бо ҷалби масъулини соҳаҳои дахлдор ҷоннок намуда, сари вақт иҷрои нақшаи пешбинишударо таъмин намоянд.

Дар идомаи ҳамоиш сарбозони оянда ва волидони онҳо бо самимияти хосса нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан сухан гуфтанд. Ҳамоиши мазкур бо намоиши машқҳои ҳарбӣ анҷом ёфт.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе  ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои  назди Сарраёсати маорифи пойтахт дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони олимпадаҳои фаннии Истеъдод, Спелинг-би ва шоҳмот дар соли 2023 баргузор гардид. Ҳамин тариқ дастаи олимпии ноҳияи Сино бо 499 медал мақоми аввал, дастаи олимпии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  бо 189 медал мақоми 2- юм, дастаҳои олимпии ноҳияҳои Фирдавсӣ бо ба даст овардани 157 ва Шоҳмансур бо 134-медал мақоми 3-юмро ишғол намуданд.

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидаруҳ мегардонад. Дар Литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ дарси технологияи меҳнат дар сатҳи зарурӣ ҷараён мегирад. Омӯзгорон  хонандагонро бо ҳунарҳои мардумӣ аз қабили дӯхтани либосҳои миллӣ,   гулдӯзӣ,   пухту паз ошно  сохта, ба онхо  тамоми нозукиҳои ин ҳунарҳоро нишон медиҳанд. Ҳамзамон барои писарон низ синфхонаи алоҳида бо асбобу лавозимотҳои лозима муҳайё гардидааст, ки хонандагон  метавонанд касбу ҳунарҳои гуногунро аз худ намоянд.

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бо 100 нафар ятими кулл вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо, кумаки молӣ  ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим, ки аз шаҳрҳои Истиқлолу Истаравшан ва  ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намуданд.

Ятимони кулл аз он изҳори хушҳолӣ менамоянд, ки дар чунин давлати ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд. Ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар карда мешавад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.

Дар маросими ифтитоҳи даври дуюми озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» намояндагони Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия ширкат доштанд. Масъулин ба хонандагон барои муваффақ шудан дар ин озмун комёбиҳо таманно намуданд. Тибқи низомнома озмун дар ду бахш назариявӣ ва амалӣ аз руйи шартҳои маҳорати суханварӣ, эссе, қироати шеър, имло ва тарҷума бо се забон гузаронида мешавад. Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ду рўз идома карда, дар рўзи аввал  ба хонандагон эссе, кори тестӣ ва луғатдонӣ бо се забон пешниҳод карда шуд ва  барои онхо 8 соат вақт ҷудо гардид.