Перейти к содержимому
 

Бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон  озмун, таҳти унвони«Ман метавонам» баргузор гардид. Озмуни мазкур ки муддати чанд рӯз идома ёфт, иштирокчиён аз рўи чор наминатсия маҳоратсанҷӣ карданд. Ҳамин тариқ аз рўи номинатсияи сарояндагӣ Раҷабгули Раҷаб ҷои аввалро касб намуд. Заррина Абдураҳимова ва Ғафурҷони Мақсуд зинаҳои 2-юм ва 3-юмро ишғол намуданд. Дар номинаи навозандагӣ Билол Саидов ҷои аввал, Шодмон Тўраев мақоми дуюм ва Дилафрўз Назарова ҷои сеюмро ба даст оварданд. Дар бахши қироати шеър Иброҳим Мирзоев ҷои аввалро  касб кард. Шабнами Амирхон ва Зебунисо Мирзоева мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд. Дар номинатсияи  ҳунармандӣ Маърифат Нодиров ҷои аввалро соҳиб шуд.

Бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳия ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода чорабинӣ доир шуд. Дар чорабинӣ намоиши тасвирҳои хонанадагон вобаста ба ҳолатҳои фавқулода ва пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуши сухтор намоиш дода шуд. Дар идомаи дарси намунавии мудофиаи гражданӣ кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе сўхтори сунъиро дар муддати муайяншуда, хомўш намуда, ба нафароне, ки дар пайи он зарари ҷисмонӣ бардоштанд, ёрии аввалия расонида шуда, баъдан ба беморхона интиқол дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Хонандагони шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ соҳиби 70 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 28 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ) ва сазовори ҷойи аввал шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар олимпиадаҳо хонандагони вилояти Суғд сазовори 46 ҷойи ифтихорӣ (11 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон сазовори 40 ҷойи ифтихорӣ (8 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ (5медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) гардид.

Дар олимпиадаҳои мазкур 1004 хонандаи синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2022  284 нафар (28,3%) зиёд аст. Дар озмун 173 хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар сазовори медали тилло, 54 кас сазовори медали нуқра ва 113 нафар соҳиби медали биринҷӣ) шуд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаҳо аз 27 то 30 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023 тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи қарори мазкур, истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешавад, дар мавсими таътили тобистонаи имсола дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт бо назардошти талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ташкил мегардад.

Раиси шаҳри Душанбе масъулинро муваззаф намудаанд, ки то 1 июни соли 2023  дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора»  ва  «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию  солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзазоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули кӯдакону наврасон омода намоянд.

Ҳамзамон дар асоси қарори мазкур масъулин вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва  наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро таъмин карда, барои гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъмини истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ тадбир андешад.

Дар асоси қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати бо мутахассисони зарурии тиббӣ таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ, солимгардонӣ тадбирҳо андешида, назорати вазъи санитарию гигиении истироҳатгоҳҳоро дар давраи таътили тобистона таъмин менамояд.

Дар Муассисаи томактабии рақами 30- юми ш. Душанбе даври шаҳрии озмуни мазкур бо иштироки ғолибони даври ноҳиявии 4 ноҳияи пойтахт, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар даври  ҷамъбастии озмуни мазкур дўстрўякони фаъол ва қобилиятнок, ки 48 нафар  буданд аз тамоми Муассисаҳои томактабии ноҳияҳои пойтахт ҳунар ва маҳорати худро дар назди ҳайати ҳакамон нишон доданд. Дар натиҷа 13 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 гаштанд. Ва 7 нафар иштирокчии фаъоли дигар бо мукофотҳои  Сарраёсати маорифи  шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Даври ноҳиявии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт», бо иқдоми Маркази эҷодии кўдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарии Муассисаҳои таълимии рақамҳои 3, 5, 22, 24,30,42 дар толори фарҳангии Муассисаи таълимии рақами 42- юми шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тибқи иттилои масъулин  дар тадбири мазкур  дастаҳои ҳунарӣ аз 33 Муассисаи таълимии ноҳияи  Фирдавсӣ ширкат варзиданд. Хонандагон аз рўи 9 шарт, маҳорати ровигӣ ё суханварӣ, суруди якка, рақси якка ва умумӣ, маҳорати ҳунармандӣ ё актёрӣ, суруди умумӣ, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва бадеҳа, баромади озод маҳорати  худро дар назди аъзои ҳакамон ва дўстдорони фарҳанг нишон доданд. Даври ноҳиявии тадбири мазкур 3-рўз дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт идома меёбад.

Дар МТМУ рақами 28-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои забономӯзии насли наврас чораю тадбирҳои мушаххас андешида, таълими фанҳои забонҳои англисӣ, олмонӣ ва русиро ба омӯзгорони соҳибтахассус вобаста намуданд, ки ин ҷиҳат ба пешрафти таълиму тарбия мусоидат намуд ва иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ба хусус забонҳои хориҷӣ хубтару беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, дар соли таҳсили равон муҳассилини таълимгоҳ дар озмунҳои "Забон донӣ - ҷаҳон донӣ, Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" ва олимпиадаҳои фаннӣ дар даври ҷумҳуриявӣ аз фанҳои технологияи иттилоотӣ  ва  физика соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд.

Аз 23 то 29 апрели соли равон дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо, аз он ҷумла дар ҶТ, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баргузор мегардад. Вобаста ба ин дар меҳмонхонаи Серенаи пойтахт нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорони Васоити ахбори омма доир гардид. Ҳамоиш оид ба хафтаи аврупои иммунизатсия дар ҶТ бо ташаббуси  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика"  баргузор гардид. Мақсади асосии ин чорабинии муҳим баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва муҳофизат намудани кӯдакон аз бемориҳои сирояткунанда аз он ҷумла сил, гулузиндонак, сурхча баногӯшак, фалаҷ, кабудсулфа, сироатҳои ротавирусӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 26 то 30 апрел аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштиҷ, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд меҳмонӣ сурат мегирад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур барномаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар дошта шудааст. Инчунин иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳру ноҳияҳо дидан менамоянд.

Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва  таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошад.

Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатии вазифаи раиси ин созмон аст. Дар ин бора сомонаи расмии CAFA хабар медиҳад.

Рӯзи 2 май дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Бинобар иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мешавад. Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.

✔️ Номзад ба президенти CAFA (муҳлат барои чаҳор сол – 2023-2027):

1. Рустами Эмомалӣ (🇹🇯 Тоҷикистон).

✔️ Номзадҳои ноиби президенти CAFA:

1. Муҳаммад Юсуф Коргар (🇦🇫 Афғонистон).

2. Арслан Айназаров (🇹🇲 Туркманистон).

3. Равшан Ирматов (🇺🇿 Ӯзбекистон).

✔️ Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи КФО, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад:

1. Достонбек Конокбоев (🇰🇬 Қирғизистон).

✔️ Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи CAFA:

1. Ҳидоят Момбенӣ (🇮🇷 Эрон).

✔️ Номзади зан ба узвияти Кумитаи Иҷроияи CAFA:

Нест.

***

РУСТАМИ ЭМОМАЛИ БУДЕТ ЕДИНСТВЕННЫМ КАНДИДАТОМ НА ВЫБОРАХ ПРЕЗИДЕНТА CAFA

Нынешний президент Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации Рустами Эмомали является единственным кандидатом на ближайших выборах главы организации. Об этом сообщает официальный сайт CAFA.

Во вторник, 2 мая, в Душанбе пройдет восьмой Конгресс Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации. Как сообщает официальный сайт CAFA, в соответствии со статьей 31 Устава организации на восьмом Конгрессе пройдут выборы руководства Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации на новый четырехлетний цикл (2023-2027). На Конгрессе будут избраны президент, два вице-президента, член Исполнительного комитета Азиатской футбольной Конфедерации, представляющий CAFA, а также один член Исполкома Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации и одна женщина-член Исполнительного комитета CAFA.

✔️ Кандидат на пост президент CAFA (четырехлетний срок – 2023-2027):

1. Рустами Эмомали (🇹🇯 Таджикистан)

✔️ Кандидаты на посты вице-президентов CAFA:

1. Мохаммад Юсуф Коргар (🇦🇫 Афганистан)

2. Арслан Айназаров (🇹🇲Туркменистан)

3. Равшан Ирматов (🇺🇿 Узбекистан)

✔️ Кандидат в члены Исполнительного комитета АФК, представляющего CAFA:

1. Дастанбек Конокбаев (🇰🇬 Кыргызстан)

✔️ Кандидат в члены Исполнительного комитета CAFA:

1. Хедаят Момбени (🇮🇷 Иран)

✔️ Кандидат женщина-член Исполнительного комитета CAFA:

Нет.