Перейти к содержимому
 

Дар толори таълимгоҳи рақами 90-уми ноҳияи Синои пойтахт даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо муваффақият идома дорад. Ба ин даври озмуни мазкур аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино 1860 нафар довталаб роҳхат гирифтанд, ки онҳо аз рўи 6 номинатсия дар назди ҳайати ҳакамон ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Бояд гуфт, ки ба узви ҳакамони озмуни мазкур кормандони соҳаи маориф, аҳли адаб шомил шуданд ва ба ҷавобҳои иштирокчиён холисона баҳогузорӣ менамоянд. Тибқи иттилоъ пас аз натиҷагирӣ ғолибон муайян гардида, ба даври дигар роҳхат мегиранд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ тақозои замон аст. Ва омӯзиши он дар  Муассисаҳои томактабӣ низ бояд ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад. Зеро кӯдакон дар синни хурдсолӣ зеҳни қавӣ  дошта, зуд забонҳоро аз худ менамоянд. Масъалаи мазкур дар Муассисаи томактабии рақами 67-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба таври лозима ба роҳ монда шудааст. Дар ин Муассиса 8 гуруҳ фаъолият карда 290 нафар дӯстрӯяк ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 18 нафар мураббия ва омӯзгор  тарбия ва тадрис медиҳанд. Дар машғулияти забони  англисӣ кӯдакон фаъолона ширкат варзида, аз омӯзгори ин фан дар бораи  оила, тарзи салом гуфтану одоби муоширатро омӯхтанд.

Дар МТМУ №31 ш. Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Тибқи иттилоъ 1200 нафар довталаб аз рўи 6 номинатсия дар ин озмун иштирок намуда, малакаву дониши хешро месанҷанд. Яке аз довталаби озмун Заррина Ҷӯрабекзода хонандаи синфи 8-и муассисаи мазкур мебошад. Мавсуф муддати се сол аст, ки дар ин озмуни шеъру шоирӣ ширкат намуда истодааст. Довталаби дигари озмун Марҷона Шарифова мебошад. Ба гуфти номбурда ҳар шахс аз китобҳои хондааш дарси одобу ахлоқ омӯхта барои хубтару хуштар гузаронидани умр камари ҳиммат мебандад, накӯкору покахлоқ ва ватандӯст тарбия ёфта ба камол мерасад.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бунёди Муассисаҳои типпи нав тақвият ёфт. Ва ин боис шуд, то сатҳу сифати таълим низ беҳтар гардад. Муассисаи давлатии Литсейи рақами панҷи шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни бузурги миллат, 31 солагии истиқлолияти  давлатӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтааст. Дар  таълимгоҳи мазкур 480 хонанда дар 2 баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар муассисаи мазкур 5 синфхонаи фаннӣ, 8 тахтаи электронӣ мавҷуд буда, 31 нафар омӯзгори соҳибтахассус ба хонандагон таълиму тадрис мегӯянд.

Дар Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии даври дуюми озмуни мазкур намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, масъулини шуъбаи маорифи ноҳия, ғолибони даври аввали озмун ва омӯзгорон иштирок доштанд. Ёдрас мешавем, ки дар даври ноҳиявии озмуни зикршуда 630 нафар довталаб иштирок намуда, ҳунару маҳорат ва истеъдоди хешро дар назди ҳакамон нишон медиҳанд. Даври ноҳиявии озмуни  ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тўли  6-рўз идома меёбад.

Дар Мактаб - интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев бахшида ба фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева маҳфили фарҳангӣ, таҳти унвони «Навоят розҳо дорад» баргузор гардид. Дар тадбири мазкур ҳунармандони шинохта ва омӯзгорону хонандагони Мактаб - интернат ҳузур доштанд. Дар маҳфил масъулин доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева суханронї намуданд. Гуфта шуд, ки Мастона Эргашева аз овони хурдсолӣ ба сарояндагӣ шавқи беандоза дошта, нахустин сурудашро дар замони мактабхонӣ сабт намуда, манзури шунавандагон намудааст. Сипас, барномаи омода намудаи   омўзгорону хонандагони Мактаб - интернати мазкур манзури ҳозирин гардонида шуд. 

Семинар - машварати мудирони Муассисаҳои томактабии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ин навбат дар Муассисаи томактабии рақами 12-уми ноҳия баргузор гардид. Дар ин тадбир намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Машварати мазкур нахуст дар гуруҳҳо сурат гирифта, ҳайати комиссия аз рафти машғулиятҳо дидан намуданд. Нахуст мураббия Садриой Холибекова дарсро оғоз намуд ва тавассути аёниятҳои мавҷуда тавонист бо кӯдакон машғулиятҳои гуногунро гузаронад ва иброз дошт ки тавассути бозихои дидактикию варзишӣ ҷори намудани дарсҳо ҳам ба ҳолати ҷисмонии кӯдак ва ҳам барои инкишофи зеҳнии наврасон мусоидат менамояд.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии озмуни ҷумҳурииявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин марҳила довталабони Муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Зайналободи н. Рӯдакӣ ширкат варзида, дониши худро нишон доданд. Озмуни мазкур дар толори таълимгоҳи рақами 14 сурат гирифта, нахуст масъулин рафти озмунро ба довталабон фаҳмониданд. Иброз доштанд, ки айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ 14 ҷамоат бо теъдоди 136 Муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки даври аввали озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст дар тамоми Муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд. Баъди баргузории даври аввал беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

Дар Муассисаи  томактабии №18-уми н. Синои ш. Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол-2023» баргузор гардид. Дар озмун 13 довталаб аз 13 Муассисаи томактабии ҳудуди ноҳияи Сино иштирок намуда миёни ҳам рақобат карданд. Озмуни зикршуда аз рӯи 8 шарт, гузаронидани машғулият, ҳуҷҷатгузорӣ, омода намудани гурӯҳ ва гӯшаҳо, саволҳо аз рӯи ихтисос, саволҳои соҳаи маориф, саволҳои психологӣ, ҳисоботи эҷодӣ ва  мехнати дастӣ  гузаронида шуд.

Толори Театри давлатии «Лӯхтак» -и шаҳри Душанбе пур аз бинандаи наврас буд. Намоишномаи «Қуллаи мурод», ки аз ҷониби ҳунармандони Театри Лӯхтаки «Афсона» -и шаҳри Бохтар дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардид, дӯстрӯякон онро бо шавқи зиёд тамошо намуданд. Албатта театр ойинаи зиндагӣ аст ва дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд. Ва намоишномаи «Қуллаи мурод» низ тарбиявӣ буда, бинандаро ба некиву накӯкорӣ, дўст доштани табиат, ҳифз намудани ҳайвонҳои нодир талқин менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.