Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» оғоз гардид.

Озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» аз 28 май то 2 июн дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ идома меёбад. Озмун дар се давр гузаронида шуда, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо, баъдан вилоятҳо ва даври сеюм дар ҷумҳурӣ доир карда мешавад.

Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» байни шаш дастаи нозирони навраси ҳаракат дар роҳҳои минтақаҳои мухталифи мамлакат бо баргузории шартҳо доир мешавад.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» дар ин хусус манзур мешавад.

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июн, соати 18:00 дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд!» барномаи  бошукўҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар барнома ҳамчунин намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт  ба тамошо  гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст. Зимни он ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба ин рӯз аз 26 май то 1 июн «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»  идома дошта, дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯйнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми дуюми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз»  ва ҳамоиш дар мавзуи «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» доир мегардад.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳафта мусобиқаҳои варзишӣ,  аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ ба роҳ монда шудааст, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин ид манзури кӯдакон гардонида мешаванд.

Ёдовар мешаваем, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба роҳ монда шудааст.

Дар Тоҷикистон низ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» гузаронида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, ба парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсили босифат, ҳифзи тандурустиву барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ ва фароғату роҳати онҳо шароити созгор фароҳам оварда, барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод бо иштироки кӯдакон пайваста  озмуну фестивал ва мусобиқаву чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ доир менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи кӯдакон, махсусан ятимон, маъюбон ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш ва сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, пеш аз ҳама, манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

 Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки адибаи хушбаён Гулчеҳра Муҳаммадиева  маҳфили навбатии «Суханреза» баргузор гардид. Ҳамзамон дар ин чорабинӣ омӯзгорону хонандагони Муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз осори ин шоира бори дигар хабардор гардиданд. Дар маҳфили адабӣ гуфта шуд, ки осори эҷоднамудаи шоир, ки аллакай рӯйи чоп омадааст ба 28 адад расидааст. Дар идомаи чорабинӣ хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 122-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баромад намуда, бо барномаи хотирмони худ, ки саршор аз осори  шоир буд, хотири аҳли нишастро болида гардониданд. 

Дар Муассисаи томактабии рақами 128-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол-2023» баргузор гардид. Дар ин озмун ғолибони марҳилаи якум ширкат варзида, аз рӯйи шартҳои пешниҳодшуда донишу малакаи худро нишон доданд. Гуфта шуд, ки даври аввали озмуни мазкур дар Муассисаҳои томактабии ноҳия гузаронида шуда, аз миёни онҳо 19 нафар беҳтарин дониста шуданд ва ба марҳилаи ноҳиявӣ роҳ ёфтаанд. Хотиррасон менамоем, ки даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол-2023» дар ноҳияи Фирдавсии пойтахтро ҳайати ҳакамон пурра баҳогузорӣ карда, рафти он 1 рӯз идома меёбад ва беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд.

ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон машғулияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хонандагони синфи 1-ум ба анҷом мерасад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи Мирзо хабар дод.

Машғулияти таълимӣ барои хонандагони синфҳои 2-11   1 июни соли 2023 ба анҷом мерасад.

Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023   фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, инчунин аттестатсияи хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилотӣ аз 3 то 15 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 то 20 июн гузаронида мешавад.

Дар Муассисаи  томактабии рақами 1-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни Мураббии сол-2023 баргузор гардид. Довталабони озмун аз 10 Муассисаи томактабии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар назди ҳакамони озмун аз рӯи 10 шарти пешниҳодшуда, аз ҷумла намоиши дастовардҳои довталабон, ҳисоботи эҷодӣ, донистани ҳуқуқҳои меъёрии соҳаи маориф, маҳорати сухандонию суханварии довталаб, донистани муаммоҳои педагогӣ ва психологӣ, кор бо технологияи муосир, машғулият дар гуруҳ дониш ва маҳорати худро санҷиданд. Озмуни мазкур пас аз натиҷагирӣ ва саволу ҷавоб бо довталабон аз ҷониби аъзои ҳакамон ҷамъбаст гардида, ғолиб ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2023» роҳхат мегирад.          

Чун анъана Дави миллӣ аз маҳаллаи Чорбоғ шурӯъ шуда то Наврӯзгоҳи пойтахтамон идома ёфт, ки дар маҷмӯъ масофа 10 км-ро дарбар гирифт. Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар Дави миллӣ 53 ҳазору 700 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ 1560 кас иштирок намуд. Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Бунёду азнавсозии Муассисаҳои таълимиву томактабӣ дар ин минтақаи дурдасти кишвар бомаром ҷараён дошта, дар айни ҳол бештари иншоотҳо дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар деҳаи Хуфаки ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт ҷойгир буда, айни замон дар он 276 нафар хонанда пайи таҳсил ҳастанд. Таълимгоҳи мазкур дорои 8 синфхонаи таълимӣ  буда, омӯзгорон бо истифодаи шароити мавҷудаи таълим ба хонандагон дарс мегӯянд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии назди таълимгоҳ аз моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар назар аст, ки то таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба анҷом расад. Ҳамзамон дар доираи корҳои бунёду азнавсозии Муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 61-и деҳаи Шаҳринави  ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт низ азнавсозӣ гардида истодааст. Бунёди ин таълимгоҳ низ бо дастгириҳои соҳибкорони маҳаллӣ ва мардуми деҳа амалӣ карда шуда, корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардидааст ва дар назар аст, ки то оғози соли нави таҳсил ба истифода супорида шавад.

Дар ноҳияи Шамсидин Шоҳини вилояти Хатлон даври ноҳиявии озмун бо иштироки беш аз 660 нафар сокинон аз рӯи 6 номинатсия баргузор шуд. Бинобар иттилоъи масъулини шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бештари иштирокчиёни озмун маҳз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб мераванд, ки аксарияти онҳо дар номинатсияи адабияти кӯдакон ва наврасон, адабиёти муосир иштирок карданд ва дар миёни онҳо ҳамзамон наврасоне иштирок доштанд, ки худро дар номинатсияи эҷоди назм санҷиданд. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар солҳои қаблии баргузории озмун шумораи зиёди сокинон ҳам миёни наврасон ва ҳам калонсолон ба даврҳои ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта буданд, ки сол аз сол шавқу рағбатшон нисбат ба китобдориву китобхонӣ зиёд гардида истодааст.

Даври якуми озмуни ҷумуҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумхуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуд. Аъзои ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорон ва аҳли санъат интихоб шуда, ба ҳар як довталаб аз руӣ асари навохтааш баҳогузорӣ намуданд. Тибқи иттилоъ дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 60 нафар таълимгирандагони мактабҳои мусиқии ноҳияи Фирдавсӣ ва дӯстдорони санъат ширкат намуданд. Хотирасон менамоем, ки озмун бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ташкил ва баргузор карда шуд.