Перейти к содержимому
 

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд.

Идома

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 ба номи Исматулло Ҳикматуллоевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Идома

25 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо рафти кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кишти тирамоҳӣ ва нашъунамои сабзавот дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Лола”, “Манзура” ва “Қодир”-и деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.

Хоҷагидорони деҳоти Абдулло Абдулвосиев кишти тирамоҳии пиёз ва ғалла гузаронида, заминро барои анҷом додани кишти картошкаи барвақтӣ омода кардаанд.

Дар ҳудуди деҳоти Абдулло Абдулвосиев 2 225 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз ин 1 888 гектараш обӣ аст. Истеҳсоли меваву ангур, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ ва пахта самти асосии фаъолияти сокинони деҳотро ташкил медиҳад. 

Дар кишти асосӣ меҳнаткашон парвариши ғалла, лубиёгиҳо, пиёз, картошка ва дигар намуди маводи ғизоиро ба роҳ монданд. Аз ҳисоби кишти такрорӣ бошад, макка барои дон, карам, бодиринг ва хӯроки чорво истеҳсол карда шуд.

Айни замон раванди корҳои саҳроӣ бо истифода аз тамоми имконият ҷараён дорад ва асосан аз ҳамин ҳисоб бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии барвақтӣ таъмин карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои меҳнати сокинони шаҳри Ваҳдат дидан карданд.

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 октябр дар доираи Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл»  намоиши «Қанотҳои озодапаланг»-и Театри лӯхтак ва тамошобини ҷавони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон пешкаши тамошобинон мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Инчунин имрӯз, соати 15:00 намоиши «Маликаи шӯх»-и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешавад.

Сипас иштирокдорони фестивал ҷойҳои зебоманзари шаҳри Душанбе ва Кохи Наврӯзро тамошо менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр кормандони Театри лӯхтаки вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистонро бо нону намак ва расму оини  тоҷикӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳунарпешагони Театри лӯхтаки вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати иштирок дар Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтар «Чодари хаёл», ки аз 24 то 28 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки театрҳои Русияву Қазоқистон, Узбекистону Эрон ва Туркманистон баргузор мегардад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд.

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 ноябр хонандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи тирамоҳӣ мебароянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон аз 1 то 10 ноябр ба таътили трамоҳӣ мебароянд.

Давоми даҳ рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.

Дар ин муддат даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола зимни таътили зимистона гузаронида мешавад. Он аз моҳи ноябр байни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки давоми сол сатҳу сифати дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шуроҳои омӯзгорӣ мавриди баррасӣ  қарор дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ таътил барои хонандагон чунин муқаррар мешавад:

таътили тирамоҳӣ: 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр)

таътили зимистона: 10 рӯз (аз 1 то 10 январ)

таътили баҳорӣ: 7 рӯз (аз 25 то 31 март)

таътили тобистона, ки пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад.

Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад. Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф доир мешавад.

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар доираи Ҳафтаи  амалҳо барои халъи силоҳ (24-31 октябр) Рӯзи байналмилалии муборизаи занон барои сулҳ мебошад. Ин сана   соли 1980 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии демократии занҳо   (ФБДЗ)  муайян  шудааст. 

Идома

ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 24 октябр дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Дар саҳни театр меҳмононро роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони театр бо шукуҳи хосса пешвоз гирифтанд.

Идома

ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо намоиши «Ривоятҳои ҷовид»-и ҳунарпешагони Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон кушода шуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид.

Дар фестивали байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар ҳайати 40 нафар иштирок доранд.

Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими оғози ин фестивали байналмилалӣ манзур мешавад.