Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 30.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар рӯзи шашуми Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 дар вазни 92 кг, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Эркин Одилбек Уулуи қирғиз бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби калонӣ 4 бар 0 зафар ёфт ва ба даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 баромад.

Бояд гуфт, ки Давлат Болтаев дар сурати бохт дар даври ниманиҳоӣ метавонад соҳиби нишони биринҷӣ гардад ва ё дар сурати пирӯзӣ барои нишони тилло ё нуқра муборизаро идома диҳад. Ҳамин тавр, Давлат Болтаев имкон пайдо менамояд то аввалин медалро дар риштаи бокс дар Бозиҳои Осиёӣ барои Тоҷикистон ба даст орад.

Ёдовар мешавем, ки Давлат Болтаев дар рақобати якум бар Арсланбек Очилови туркман пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Қобили тазаккур аст, ки дар даври ниманиҳоӣ 1 октябр Давлат Болтаев бо Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ баҳри роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ нерусанҷӣ менамояд.

Инчунин иштирокчии Бозиҳои тобистонаи Олимпии Токио -2020, муштзани тоҷик дар вазни то 80 кг – Шаббос Негматуллоев дар даври аввали Бозиҳои Осиё музаффарият ба даст овард. Ӯ дар даври аввал бар намояндаи Эрон – Сайидшоҳин Муосавӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 ғалаба намуд ва ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Рақобатҳои даври чаҳорякниҳоӣ 1 октябр доир мегарданд ва Шаббос бо Аҳмад Гусун аз Ироқ қувваозмоӣ менамояд.

Ҳамчунин варзишгари тоҷик Миҷгона Самадова Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022-ро бо ғалаба оғоз намуд. Номбурда дар вазни то 57 кг дар даври аввал бар намояндаи Ветнам – Нгуйен Ҳуен Тран бидуни мушкилӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5 бар 0 музаффарият ба даст овард. Дар даври чорякниҳоӣ Миҷгона Самадова бо Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон 1 октябр сабқат менамояд.

Хотиррасон мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.

Ба ғолибони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.

ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола якшанбеи нахустини моҳи октябр таҷлил карда мешавад, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иштирок ва суханронӣ намуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /НИАТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз гӯштини кураш медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг дар даври аввал бар Ҷое Ҳеддад аз Лубнон пирӯз шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони муғул Энхболд Энхтайванро мағлуб намуд.

Дар даври ниманиҳоӣ ӯ аз Маҷид Воҳид Бариманлуи Эрон шикаст хурда, ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт. Ин нишони дуюми биринҷӣ ва медали чаҳоруми ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 мебошад.

Қаблан, медалҳои Тоҷикистонро дар ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, ҳамчунин фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳиро муҳокима намуданд.

Дар доираи барномаҳои рушди босуръати саноат соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои мухталифи саноат, ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян гардиданд.

Бо дарназардошти имкониятҳои содиротии Тоҷикистон таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикӣ дар кишвари мо зарур шумурда шуд.

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз” ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯъҳои муҳимми мулоқот буданд.

 Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Чор бозори наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кард. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва истифодаи имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо ноиби кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноати кӯҳию хӯрокворӣ, кишоварзӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, ҷалби сармоя ва технологияи пешрафтаи Олмон ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима карданд.

Барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳа татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои муҳитизистӣ, бахусус татбиқи ташаббусҳои обу иқлимии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро дар ин замина идома хоҳанд дод.

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” иштирок ва суханронӣ карданд.

Идома

Ҳамтоёни муҳтарам,

Муҳтарам хонум Катрина Клаас,

Муҳтарам иштирокчиёни Форум!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории форуми имрӯза изҳори сипос намоям.

Идома

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Идома

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии роҳбарияти кишвари мизбон ва имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ андешаронӣ намуданд.

Дар баробари ин зарур шумурда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол карда шавад.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Инчунин Сарвари давлат оид ба имкониятҳо ва зарфиятҳои мавҷудаи кишвар ва инчунин самтҳои афзалиятноки мутақобилан судмандро таъкид намуданд.

Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Чемпионати кушоди варзишӣ оид ба велосипедронӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир шуд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа, ки дар панҷ масофа аз рӯи синн қувваозмоӣ намуда буданд, бо медал, диплом, туҳфа ва ҷом қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ҳаракат намуданд.

Дар оғози мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода вобаста ба рушди соҳаи варзиш дар пойтахт, ҷалби наврасону ҷавонон ба намуди варзиши велосипедронӣ, инчунин самараноку мақсаднок истифода намудани иншооти варзишии пойтахт сухан гуфта, тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро, ки аз ҳар минтақаи мамлакат ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар мусобиқа омадаанд, хайрамақдам намуд.

Дар фарҷом ғолибон ва ҷоизадорон, ки дар панҷ масофа аз рӯи синн қувва озмуданд, бо медал, диплом, туҳфа ва ҷом қадрдонӣ шуданд.