Оғози даври ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Автор: ТВБ
Суҳбат бо Ёсуман Кабирзода
Суҳбат бо Ёсуман Кабирзода - Иштирокчии даври ниҳоии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
«Заковат»
Сайругашт дар боғҳои зебо, саволу ҷавоб инчунин қадрдонии ҳозирҷавобон аз ҷониби мурғобӣ.
«Консерт»
Иброҳим Исмоилзод бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар ш. Норак.
«Хабар»
«Фикри Шумо?»
Сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф.
«Дунёи меҳр»
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон аз Маркази миллии тавонбахшии «Чорбоғ» пешниҳод мегардад.
«Дар меҳмонии витаминҳо»
Пурхӯрӣ ва оқибатҳои он.
Оғози даври ноҳиявии олимпиадаи «Spelling-Bee».
Дар Литсейи барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе даври ноҳиявии олимпиадаи забони англисӣ, таҳти унвони «Spelling-Bee» доир гардид. Дар тадбири мазкур намояндагони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба ширкат варзиданд. Дар олимпиадаи даври ноҳиявӣ хонандагони синфҳои 5 ва 7 аз 40 таълимгоҳи ҳудуди ноҳия иштирок доштанд.
Рӯзи дуюм номинатсияи эҷоди назму наср.
Дар рӯзи дуввуми озмуни мазкур довталабон аз рӯи номинатсияи эҷодиёти назму наср бо чеҳраи болида дар назди ҳакамон ҳозир шуда, шеъру ғазал, достон, рубоӣ ва муханнасҳои аз худ намудаи хешро пешниҳод намуданд. Тибқи иттилоъ дар номинатсияи эҷодиёти назму наср 90 нафар довталаб - 50 нафар аз бахши наср ва 40 нафари дигар дар бахши назм ширкат дошта, ҳунару маҳорат ва малакаи зеҳнии худро нишон медиҳанд. Аз рӯи номинатсияи зикршуда, дар бахши назм 26 нафар хонандагони аз синфи 1 то 11 инчунин 24 нафар донишҷуён, омӯзгорон ва калонсолон иштирок мекунанд. Дар бахши наср 20 нафар хонандагони аз синфи 1 то 11, 20 нафар донишҷӯ, омӯзгор ва калонсолон номнавис гардидааст, ки шумораи умумии онҳо 90 нафарро ташкил медиҳад.














