Перейти к содержимому
 

Семинар-машварати равоншиносони Кӯдакистонҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси нақшачорабиниҳои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур, дар як моҳ ду маротиба баргузор карда мешавад. Чорабинии навбатӣ дар Муассисаи томактабии рақами 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки равоншиносони  Кӯдакистонҳои ҳудуди ноҳия сурат гирифт. Дар доираи семинар нахуст машғулияти омӯзишӣ бо иштироки тарбиятгирандагон дар  мавзуъи «Об манбаи ҳаёт»  баргузор гардида, дар ҷараёни он кӯдакон фаъолона иштирок намуданд.

Бо иқдоми Сарраёсати маорифи ш. Душанбе дар Муассисаҳои таълимӣ ва томактабии 4 ноҳияи пойтахт дар байни масъулин ва кормандони соҳа машваратҳои омўзишӣ ба роҳ монда шуд. Чунин семинар-машварати омўзишию дастурдиҳӣ дар таълимгоҳи № 58 ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе бо иштироки директорони Муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ва намояндагони шуъбаи маориф баргузор гардид. Зимни машварат  чанде аз соатҳои дарсии омўзгорони МТМУ №58 пойтахт  мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифта шуд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Китобхона, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони имконияташон маҳдуд  ва ҳамчунин дӯстдорони каломи бадеъ ширкат доштанд. Нахуст масъулини китобхонаи мазкур суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ табрику шодбош гуфтанд ва барояшон бурдборию сулҳу субботро таманно намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби хонандагони фаъоли китобхона барномаи фарҳангӣ тақдим гардид, ки ба иштирокдорон писанд омад.

Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он афсарону сарбозон, мураббияҳо ва кӯдакон ширкат намуданд. Нахуст дар чорабинӣ кӯдакони Муассисаи томактабии №83 пойтахт бахшҳои гуногунро пешниҳод карданд. Аз ҷумла онҳо тарзи  иҷрои амалиётҳои ҷангиро нишон дода, дар раванди он машқҳои ҳарбиро пешниҳод намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷамъомад кӯдакон либосҳои низомиро ба бар карда, аз иҷрои амалҳои ба уҳда доштаашон ба пуррагӣ баромаданд. Саҳнаҳои  пешниҳодшуда бештар дар мавзуҳои ҳифзу нигаҳбонии Ватан, ватандӯстӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва дигар самтҳоро фарогир буд. Яке аз бахшҳои муҳим, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун буд, аз ҷониби кӯдакон дар сатҳи баланд иҷро карда шуд.