Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ибтикори Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Марказ дар соли 2023 иттилоъ дод, ки  озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври сеюм дар асоси саволномаҳои тестӣ (хаттӣ), ки аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳо бо забони давлатӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони фаннӣ ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои ҳар ихтисоси ҷудошуда дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва тасдиқ мегардад, гузаронида мешавад.

Идома

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тозагиву хуррамгардонии  пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе кори як сохтор ё ташкилоту муассиса набуда, балки вазифаи ҳамагонӣ, махсусан рисолати сокинони шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин хусус андешаҳои сармуҳаррири ҳафтаномаи «Мароми пойтахт» Шаҳриёр Олимов дар мавриди ободонии пойтахт ва ба «шаҳри сабз» табдил додани он манзур мегарданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини ваҳдати миллӣ шарти муҳими бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Афзоиши иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва демократии мамлакат танҳо дар сурати мустаҳкам намудан ва маҳфуз доштани ягонагӣ ва иттиҳоди ҷомеа имконпазир аст. Барои ҳалли ин мушкилот Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр ва дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда иродаи сиёсӣ ва тамоми захираҳои иқтисодию иҷтимоии заруриро дорад. Ҳифзи истиқлолият ва таҳкими давлатдорӣ, баробарии имконият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бунёди миллати зеҳнгаро ва рушди руҳияи миллӣ бояд таҳкурсии асосии ваҳдати миллӣ ва принсипҳои зиндагии ҳар яки мо гардад. Ҳамаи ин барои тараққиёти пуравҷ ва пайдарпайи мамлакат дар дурнамои наздик замина ба вуҷуд меоварад.

Идома

ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳову озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва дар донишгоҳ тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил минбаъд  озод гардида,  ба зинаи магистратура ва  докторантура  аз рӯи ихтисос Phd ба таври ройгон қабул карда мешаванд. Чунин изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар вохӯрӣ бо иштирокдорони озмунҳову олимпиадаҳои дохилидонишгоҳиву ҷумҳуриявӣ, барандагони стипендияҳои Президенти Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» пас аз таъмири асосӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми рушд-2024» иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Идома