
ДУШАНБЕ, 25.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» шоми имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» Фестивали об ва барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёти инсоният» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, иштирокдорони Конфронси байналмилалии об, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок иштирок намуданд.
Дар фестивал аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дастӣ, маҳсулоти саноатӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, ҷавоҳирот, атлас ва адрасбофӣ, сабадбофӣ, ҳунари зардӯзӣ, чакан, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, инчунин хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ — меваҳои тару тоза ва хушк ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳайати меҳмонон нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Ҳамзамон дар доираи Фестивал барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Бояд гуфт, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд барои мусоидат ба пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» доир мегардад.
Интизор меравад, ки дар конфронс намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон иштирок намоянд.
Ҳамзамон иштирокдорони конфронс ба минтақаҳои Тоҷикистон рафта, манзараҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, иншооти сайёҳӣ ва фароғатии мамлакатро тамошо менамоянд ва бо иқтидории обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд.
Дар доираи Конфронс инчунин намоишгоҳи мавзуӣ оид ба захираҳои об ташкил карда мешавад. Дар он имконоти обу энергетикаи Тоҷикистон ва истифодаи захираҳои об барои рушди иқтисодӣ муаррифӣ карда мешаванд. Чунин чорабиниҳо бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои дорои иқтидори бойи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва пешрав дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ менамоянд.








