
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Раванди оби Душанбе» ҷузъи ҷудонашавандаи барномаҳои глобалии рушд гардида, дар масири ҳалли мушкилоти об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ яке аз омилҳои асосӣ ва такондиҳанда мебошанд. Дар доираи Конфронси чоруми оби Душанбе, ки шуруъ аз имрӯз, 25 май то 28 май идома меёбад, ҳамчунин Форуми ҷавонони оби Душанбе-2026 баргузор мегардад, ки аз нақши муҳими ҷавонон дар баррасии масоили обу иқлим дарак медиҳад.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Дувурова аҳамияти Раванди оби Душанберо дар муттаҳидкунии ҷавонону наврасони ҷаҳон атрофи ин масъалаи муҳими экологӣ ва омодагии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конфронси чоруми оби Душанбе шарҳ дод.
АМИТ «Ховар»: Нақши Конфронси чоруми оби Душанберо дар муаррифии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Шабнам Дувурова: Тавре ба ҳамагон маълум аст, аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор мегардад. Ин иқдом идомаи ташаббусҳои наҷиби байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим буда, бо роҳнамоии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки “об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт омили муҳими рушди устувори ҷомеа мебошад”. Дар ин замина конфронси мазкур Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор ва пешбарандаи масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ намуда, мавқеи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад ва тамоми тадбирҳоро барои пешбурди рӯзномаи об дар сатҳи байналмилалӣ идома медиҳад. Дар асоси дастовардҳои конфронсҳои қаблии «Раванди оби Душанбе» (2018, 2022, 2024) конфронси соли 2026 марҳилаи калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, суръат бахшидан ба пешрафт дар самти Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об хоҳад буд.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал дар Душанбе сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявию илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, мардуми бумӣ ва бахши хусусиро барои пешбурди уҳдадориҳо ва таъкиди василаҳои ҳалли дигаргунсозандаи соҳаи об ҷамъ меорад.
АМИТ «Ховар»: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи олӣ доир гардидани конфронс чӣ тадбирҳо андешидааст?
Шабнам Дувурова: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки ҷавононро “неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлат” арзёбӣ менамоянд, барои дар сатҳи зарурӣ доир гардидани конфронс якчанд тадбирҳои муҳимро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҷалби ҷавонони фаъол ва волонтёрон ба равандҳои ташкилӣ, баргузор намудани чорабиниҳои маърифатӣ ва тақвияти корҳои иттилоотӣ байни ҷавонон ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонони фаъол ва волонтёрон.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ин иқдоми муҳими байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза тадбирҳоро такмил дода, дар айни замон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» ҷавонони болаёқатро ҷалб намудааст, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ ва таъриху ҷуғрофия мебошанд.
АМИТ «Ховар»: Кумита барои дар сатҳи зарурӣ ва хотирмон доир гардидани Раванди оби Душанбе чанд волонтёрро ҷалб намудааст?
Шабнам Дувурова: Бо назардошти аҳамияти Конфронси чоруми оби Душанбе ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ зиёда аз 150 волонтёри ҷавони дорои маълумоти заруриро ҷалб намудааст. Барои волонтёрон дар баробари доштани маълумоти умумӣ доир ба Раванди оби Душанбе донистани забонҳои хориҷӣ, маълумот дар бораи табиат ва захираҳои обию гидроэнергетикии Тоҷикистон низ муҳим мебошад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, “тарбияи ҷавонони фаъолу масъулиятшинос яке аз вазифаҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад ва иштироки онҳо дар чунин чорабиниҳо муҳим арзёбӣ мегардад”.
АМИТ «Ховар»: Раванди оби Душанбе дар муттаҳид кардани ҷавонон чӣ нақш гузошта метавонад?
Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат буда, нақши онҳо дар муаррифии давлату миллат хеле муҳим аст. Ҳамин аст, ки яке аз форумҳои мавзуии Конфронси чоруми оби Душанбе “Форуми ҷавонони оби Душанбе 2026” унвон гирифтааст. Иштироки ҷавонони фаъоли ҷаҳон дар ин форум нишон медиҳад, ки ояндаи захираҳои об ба насли нав вобаста аст ва сиёсати об бояд дарозмуддат, инноватсионӣ ва ба талаботи оянда мутобиқ бошад. Аз ин рӯ, аз ҷониби ҷавонону наврасони Тоҷикистон ва ҷаҳон пешниҳоду тавсияҳо барои баррасии масоили об манзур шуда, табодули назар доир мешавад. Ин дар навбати худ барои ҳамфикрию ҳамкории ҷавонони фаъоли кишварҳои гуногун замина фароҳам меорад.
Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ ба муттаҳидсозии ҷавонон мусоидат мекунад. Тавре Пешвои миллат иброз доштаанд, ҳамкории созанда байни наслҳо ва кишварҳо омили асосии рушди устувор мебошад. Дар ин замина ҷавонон метавонанд дар доираи ин раванд мубодилаи таҷриба намуда, стратегияҳои муштарак пешниҳод намоянд.
АМИТ «Ховар»: Ҷавонон дар баррасӣ ва тарғиби масоили обу иқлим чӣ саҳм гузошта метавонанд?
Шабнам Дувурова: Қариб дар ҳама суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ояндаи миллат номида мешаванд. Дар ин конфронс метавон гуфт, ки ҷавонон бо доштани донишҳои муосир ва гирифтани таҷриба ҳангоми иштирок дар он барномаҳои боз ҳам муассирро ташкил менамоянд. Умед дорем, ки ҷавонони сарбаланди тоҷик низ дар арсаи байналмилалӣ дар соҳаи об ба дастовардҳои назаррас муваффақ мегарданд.
Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа метавонанд тавассути татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим саҳми арзанда гузоранд. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки маҳз ҷавонони донишманду ватандӯст ояндаи дурахшони давлатро таъмин менамоянд.
АМИТ «Ховар»: Интизориҳои Шумо аз Конфронси чоруми оби Душанбе чӣ гуна аст?
Интизории асосии мо аз ин конфронс таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, баланд гардидани нақши ҷавонон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои обу иқлим мебошад. Мо итминон дорем, ки натиҷаҳои конфронс ба татбиқи амалии ташаббусҳои муҳим ва таъмини рушди устувори ҷомеа мусоидат менамоянд.
Андешаҳои худро бо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷагирӣ мекунем, ки мегӯянд: «Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини мамлакат ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳама масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».
Дар такя ба чунин суханони эътимодбахши Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон умед дорем, ки насли ҷавони мо чун посдорони гузаштаю имрӯзи Тоҷикистон ва такягоҳи давлату миллат ҷавобан ба ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат дар баргузории Раванди оби Душанбе саҳми назаррас гузошта, метавонанд бо донишу малакаи баланд Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати пешбарандаи масоили обу иқлим ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.








