Перейти к содержимому
 

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст.

Дар деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти Сурхқалъа бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар арафаи анҷом қарор дорад.