Перейти к содержимому
 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошанд».

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни насли ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баён намуданд.

Гуфта шуд, ки дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имконияти фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда ҷалб намоянд.

Бо назардошти ин Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҷисмонии ҷавонон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ тарбия ёфтани ҷавонон, аз худ кардани техника ва технологияҳои муосир тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Мояи хушнудист, ки ҳоло ин талошҳо самараву натиҷаҳои назаррас медиҳанд.

«Бо назардошти ҳамаи хизматҳое, ки шумо – фарзандони азиз – барои Ватан ва давлати соҳибистиқлоли худ анҷом дода истодаед, ба ҳар яки шумо муроҷиат мекунам, ки аз давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва аз тоҷик будани худ ҳамеша ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони некноми мо дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузоштаанд. Шумо, ҷавонони азиз, бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома дода, барои пешрафти Ватани аҷдодӣ талош варзед, зеро шумо меросбарони суннату анъанаҳои чандинҳазорсолаи халқамон ва давомдиҳандагони корномаи садҳо ва ҳазорҳо фарзандони фарзонаву фидокори он ҳастед»,- гуфтанд Президенти мамлакат.

Ҳамзамон Сарвари давлат бо  эътимоди комил иброз доштанд, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии мамлакат ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи обрӯи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва давлатдории навини тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.