ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамроҳӣ намуданд.