Перейти к содержимому
 

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Вохӯриҳо 22 ва 24 май дар Дубай баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 13 июн рақибонашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар қуръакашии ин мусобиқот маълум менамояд.

Барои иштирок дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025  42 даста дархост пешниҳод кардаанд.