Перейти к содержимому
 

Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 29.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки зиёда аз 300 барандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки таъсиси Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон, ба таҳсили муносиб фаро гирифтани онҳо, ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома ва маблағҳои аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардидаро ба ҳар гирандаи Стипендияи президентӣ дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.

Зимни ҳамоиш якчанд гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баромад намуда, барои дастгириҳои қишри ҷавон ба Президенти Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.