Перейти к содержимому
 

Дар Бохтар фестивали «Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон» оғоз ёфт.

БОХТАР, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар китобхонаи ба номи Шамсиддини Шоҳини шаҳри Бохтар фестивали «Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ифтитоҳи фестивал зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон- бедор намудани шавқу рағбат нисбат ба мутолиаи китоб дар замири кӯдакон мебошад.

Фестивал мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, давоми як ҳафта баргузор мешавад.

Имсол дар фестивал адибони маъруф Озар Салим, Усмон Билолӣ ва дигарон иштирок менамоянд.