Перейти к содержимому
 

«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид.

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқа, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, идораи нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамоянд.

Мақсади асосии фестивал-озмун — тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он  мебошад.

Дар фестивал-озмун маводи насрӣ, аз ҷумла  мақола, ҳикоя, қисса, маводи таҳлилӣ, видеоролик, филм ва барномаи алоҳида доир ба мавзуъҳои ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он  қабул карда мешаванд.

Мавод дар номгӯйи зерин бояд  пешниҳод шаванд:

— маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғ.) дар васфи Ватан барои матбуоти даврӣ;

— маводи иттилоотӣ ва ё таҳлилӣ;

— масъала ё рӯйдоди мушаххаси марбут ба солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ё шарҳи рӯйдоде доир ба мавзуъ дар ин давра;

— маводи насрӣ, ролик, барнома ва филми кӯтоҳи муаллифии ватандӯстона ва ё муаррифи дастовардҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот ва парандагони нодир, инчунин обҳои шифобахши мамлакат.

Фестивал-озмун аз моҳи апрел то охири октябри соли 2024 гузаронида шуда, мавод барои озмун тавассути почтаи электронии ozmun@khovar.tj то охири моҳи октябр қабул карда мешавад.

Мавод ба фестивал-озмун бояд дар шакли чопӣ ва электронӣ (шрифти Palatino Linotype 14 дар формати А4 ба андозаи аз 2 то 5 саҳифа), видеоролик дар ҳаҷми 3-5 дақиқа, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ дар ҳаҷми то 15 дақиқа ирсол шавад.

Фестивал — озмуни «Вассофи Ватан» дар чор номинатсия — «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ» дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронида мешавад.

Ба ғолибони ҷойи якум 7 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5 000 ва ҷойи сеюм 3 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.