Перейти к содержимому
 

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 29.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» доир шуд. Дар доираи баргузории он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат- наҷотбахши сайёра ва таъмингари ҳаёти осоишта» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пеш аз оғози фестивал ҳайати иштирокчиён бо гӯшаҳои таърихии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.

Дар фестивал гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон ва донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди пойтахт таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳз дар заминаи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои наҷибу пайваста ва дурбинонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳими стратегии давлат ва пойтахти он табдил ёфта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба қишри ҷавони ҷомеа дар марҳилаи бунёди давлати навини тоҷикон ҳамчун созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳ ва боварӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон маҳсуб мешавад.