Перейти к содержимому
 

ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат менамоянд?

ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 31 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба  таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст мешавад, иттилоъ доданд ба  АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ аз 21 то 26 март,  ва донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ аз 21 то 25 март ба таътили баҳорӣ мебароянд.

Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ ҷалб мешаванд. Инчунин ба хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили баҳорӣ онҳоро мутолиа намоянд.

Иброз гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.

Масъулини соҳаи маориф иброз медоранд, ки падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро  ба тамошои  ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо  баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд.

Инчунин ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки дар давраи таътили баҳорӣ  бештар  ба  мутолиаи  асарҳои бадеӣ  машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавиашонро васеъ намоянд.