Перейти к содержимому
 

МЕВАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Намоиш-фурӯши корҳои эҷодии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир шуд.

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Меваҳои истиқлол» намоиш-фурӯши корҳои эҷодии донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад.

 Иштирокчиён дар даромадгоҳи бино нахуст бо маҳсули эҷоди донишҷӯён шинос шуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода гуфт, ки баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳунарҳои мардумӣ, нақшакашӣ ва дизайн эътироф гардид.

Тоҷикон аз ҷумлаи мардумони қадимтарини дунё буда, бо равнақ бахшидани бахшҳои ҳунару ҳунармандӣ дар инкишофи тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Маҳорат, завқи баланд ва санъати волои меъмории ниёгони мо дар ёдгориҳои таърихии Бохтару Хатлони қадим ба таври равшан ба назар мерасад, ки мояи  ифтихор ва сарфарозии мо мебошад.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамчун боргоҳи илму маърифат ва маркази инкишофи санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ дар роҳи татбиқи сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Пешвои миллат имрӯз нақши арзанда мегузорад. Бо дарки ин маънӣ, раёсати донишгоҳ дар оянда низ рушди ин соҳаро ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият табдил дода, бо ташаббусҳои тоза, ибтикороти судманд ва меҳнати софдилона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузорад.