Перейти к содержимому
 

Футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дидорбинии мухлиси наврас Муҳаммадамин Камолов рафтанд.

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамзамон аъзои бошгоҳи «Истиқлол» Рустам Ятимов ва Алишер Ҷалилов ба дидорбинии мухлиси наврас Муҳаммадамин Камолов рафтанд, ки  аз бохти дастаи Тоҷикистон андуҳгин шуда буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бошгоҳи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Футболбозони даста зимни  дидорбинӣ ба Муҳаммадамини шашсола сару либоси варзишӣ, пироҳани дастаи мунтахаб бо шумораи 10, тӯб ва туҳфаҳои дигар ҳадя намуда, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд.

Муҳаммадамин Камолови шашсола сокини шаҳри Ҳисор буда, дар оянда мехоҳад футболбози касбӣ шавад.