Перейти к содержимому
 

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Асал бадани инсонро аз ҳар гуна моддаҳои зарарнок пок месозад.

ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар ҷумҳурӣ соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад. Ба гуфтаи мутахассисон, дар нафъ ба саломатӣ  ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест, зеро он илоҷи аксари бемориҳо буда, баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад.

Асалро аз қадим чун доруворӣ барои бемориҳои зиёде истифода мебаранд. Табибон мефармоянд, ки хӯрдани асал баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва рагҳоро мекушояд. Он балғами часпак ва рутубатҳоро нест менамояд, онҳоро аз ҷойҳои чуқур ва дури бадан мекашад ва ҳамчунин моддаҳои нодаркорро аз майна хориҷ менамояд.

Инчунин асал санги гурдаро майда намуда, мерезонад ва шамолхӯрӣ, дарди меъдаю рӯда ва камхуниро бартараф мегардонад. Ҳакими бузург Ҷолинус дар маълумотномаи тиббиаш овардааст: «Дар нафъ ба бадан ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест ва илоҷи аксари бемориҳову сириштани давоҳо аст».

Асалро дар соҳаи косметология васеъ истифода мебаранд. Бо асалоб рӯйро шустан ҳам манфиатбахш аст. Ин намуди косметикаи табиӣ пӯсти рӯйро нарму мулоим намуда, онро ҷило мебахшад. Барои рехтани мӯи сар ҳам аз малҳами асал бо дорчин васеъ истифода мебаранд.

Агар ҳар субҳ 30 дақиқа пеш аз наҳорӣ ва ҳар бегоҳ пеш аз хоб як қошуқ асалро бо дорчин дар оби ҷӯшида омехта намуда, нӯшед, аз фарбеҳӣ халос мешавед. Агар ин тарзи харобшавиро бо тартиб иҷро намоянд, ҷараёни фарбеҳшавӣ дар бунияи инсон паст мешавад.

Асалпарварон тавсия медиҳанд, ки асали тозаро бо чунин тарз метавон муайян намуд: асалро ба рӯи пораи қоғаз молида, бо оташ сӯзонед. Асали тоза дар оташ намесӯзад ва танҳо гудохта мегардад. Агар асал нимсӯхта гардад, пас занбӯрҳо онро аз шакар тайёр намудаанд, на аз гарди гул. Агар моеъ гардад, пас маълум мегардад, ки ба он об ҳамроҳ намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи баргузории Иди харбуза ва тарбуз  барои сокинон ва меҳмонони мамлакат ярмарка-фурӯши беҳтарин навъҳои асали ватаниро манзур менамояд.

Аз ҳисоби асалпарварӣ беш аз 10 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид

Асоси кори зарбӯрпарваронро парвариш, нигоҳдорӣ, истифода барои гардолуд намудани набототи энгимофилтӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ташкил медиҳад. Баҳри ҳарчи бештар намудани шумораи занбӯр ва зиёд намудани содироти ин маҳсулоти шифобахш имрӯзҳо дар мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.

20 июни соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок ва суханронӣ дар машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки «рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, танҳо аз ҳисоби ин соҳа зиёда аз 10 ҳазор сокини мамлакат бо ҷойи кор таъмин гардида, сатҳи зиндагиашонро беҳтар намуданд».

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон Вазорати кишоварзиро вазифадор намуданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои барномаи соҳавии қабулгардида барои солҳои 2023-2027 таъмин намуда, бо назардошти имконияти фаровони рушди соҳа ҷиҳати ба таври назаррас афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли асал тадбирҳои иловагиро амалӣ намоянд. Ҳамзамон ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки истифодаи комплексии оилаҳои занбӯри асалро амалӣ намуда, дар қатори истеҳсоли маҳсулоти асосӣ — асал, гирифтани маҳсулоти иловагии асалпарварӣ, аз ҷумла гарди гул, ширеш ва заҳри занбӯрро васеъ ҷорӣ намоянд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо назардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст. Рушди соҳа ва афзоиши истеҳсоли асал имконият дод, ки дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мағозаҳои зиёди фурӯши асал ва маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ ташкил шуда, ин намуди маҳсулот ба шаҳрвандон ва меҳмонон мунтазам дастрас гардад.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани содироти асал дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии савдо зиёда аз сад намунаи асали Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳои дорои аккредитатсияи байналмилалии давлати Олмон аз ташхиси лабораторӣ гузашта, бинобар мусбат арзёбӣ гардидани сифаташон ба бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтаанд.

Вале, ба таъкиди Пешвои миллат, нишондиҳандаи содироти асал то ҳол ночиз мебошад ва тамоюли коҳишёбӣ доранд. Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии «Тоҷикстандарт» якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ташкили озмоишгоҳи миллии дорои аккредитатсияи байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Вобаста ба ин, вазорату идораҳои марбута муваззаф шуданд, ки барои ташкили раванди пухта гардонидани асали ба содирот нигаронида дар корхонаву коргоҳҳои коркард ва бастубанди асал корҳои амалӣ анҷом диҳанд.