Перейти к содержимому
 

«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ». Китобхонаи марказии шаҳри Бохтар барои навиштани иншои беҳтарин озмун гузаронид.

ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси Китобхонаи марказии шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ барои навиштани иншои беҳтарин дар мавзуи «Беҳтарин ёри вафодор китоб аст» озмун гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Бохтар иттилоъ доданд.

Маъмурияти Китобхонаи марказии шаҳри Бохтар дар давраи таътили зимистонаи хонандагон озмуни иншои беҳтаринро байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Бохтар гузаронид. Ба озмун зиёда аз 20 хонанда иншо пешниҳод намуд. Аъзои ҳакамон иншоҳои пешниҳоднамудаи хонандагони мактабҳоро санҷида, ғолибони се ҷойи якум, се ҷойи дуюм, се ҷойи сеюм ва се ҷойи ифтихориро муайян намуданд.

Дар толори хониши Китобхонаи марказии шаҳри Бохтар ба ғолибони озмун ва иштирокдорони фаъол ҷиҳати ҳавасмандгаронии хонандагон Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.