Перейти к содержимому
 

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид.

ДУШАНБЕ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб оид ба баррасии  нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷаласа баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар ҷаласа иброз гардид, ки тибқи маълумоти дар Паёми Президенти мамлакат  овардашуда, новобаста аз вазъи иқтисодии ҷаҳони имрӯза дар ҷумҳурӣ қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар мамлакат беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Инчунин дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои навсозӣ, таъмиру таҷдиди низоми энергетикии мамлакат 85,7 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Бо амалисозии тадбирҳои ба самти истиқлолияти энергетикӣ равонашуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манъбаҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба мамлакати «сабз» табдил меёбад.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дарвоқеъ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ хеле зиёд буда, мардуми мамлакат бояд ба қадри заҳматҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расанд ва дар рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурию ободкорию созандагӣ саҳм гузоранд.