Перейти к содержимому
 

Имсол татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» оғоз мегардад.

ДУШАНБЕ, 01.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» оғоз мегардад. Тибқи он парвариши ниҳолҳои павловния дар ҷумҳурӣ то ба 100 ҳазор бех дар як сол дар назар дошта шудааст, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдалӣ Арабов.

Барнома бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан ҷиҳати беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҷангалҳои Тоҷикистон асосан аз буттазор иборат мебошанд, ки аз онҳо гирифтани чӯби корӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ имконият надорад. Аз ин лиҳоз, зиёда аз 90-95 фоизи чӯби кории ҳамчун масолеҳи сохтмони истифодашаванда аз дигар давлатҳо ворид мешавад.

Ба гуфтаи Турдалӣ Арабов, бунёди плантатсияҳо аз дарахти зудафзоишёбандаи павловния бо истифода аз технологияҳои инноватсионии парваришӣ метавонад қисми асосии сиёсати сарфаи захираҳо ва ҳалли мушкилоти вобаста ба истифодаи энергия, бе таъсири хатарҳо ба муҳити зист гардад.

Ҳамчунин бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния, истифодаи он дар ташкили минтақаҳои сабз ва боғҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, пешгирии гармшавии иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии он, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

«Бо ба назар гирифтани сатҳи пасти афзоиши солонаи аксарияти ҷангалзор ва маҳдуд будани майдонҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум истифодаи технологияҳои нав дар парвариши ниҳолҳо ва зиёд намудани майдонҳои плантатсия, ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал ба рушди ноҳияҳои кӯҳистон ва таъмини некуаҳволии мардуми ин маҳалҳо мусоидат менамояд»,-изҳор дошт ӯ.

Барнома ҷиҳати расидан ба хадафҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2020-2030, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 дарҷ гардидаанд, инчунин ба паст намудани сатҳи вобастагӣ ба масолеҳи сохтмонии воридотӣ мусоидат менамояд.

Павловния чӣ хусусият ва аҳамият дорад?

Тавре сардори шуъбаи бунёди Агентӣ иброз намуд, павловния- «дарахти ҳаёт»-  намуди растанӣ аз оилаи павловниягиҳое мебошад, ки зиёда аз 20 намуди хосро дар бар мегиранд ва барои ин бо як номи умумӣ- павловния шинохта шудаанд. Павловния дарахти дорои баргҳои калони зебо (қутрашон 70 см), гулҳо (қутрашон 6 см) ва чатри зебо мебошад. Қутри танаи он то 1 метр ғафсӣ дорад. Вобаста аз шароити сабзиш дарахтони павловния баландиҳои гуногун дошта, то 30 метр қад доранд. Ба шароити хок серталаб нестанд, ҳатто дар заминҳои хушк, ки гаҷнокии онҳо то 2 фоизро ташкил медиҳад, мерӯянд, аммо дар хокҳои умқи намнокиашон муътадил ва ҳосилнокиашон баланд сабзиши нағз доранд. Рӯшноиро дӯст медоранд, дар қитъаҳои кушоди замини офтобрас мерӯянд.

Павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд. Он баъди ҳар буридан ва ё даравидан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои он 70-100 солро дар бар мегирад, ки метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода шавад ва ин имкон медиҳад, ки раванди корҳои парвариши павловния бе хароҷоти аз нав шинонидани ниҳол ва коркарди замин дубора давом дода шавад. Танаи павловнияро тамоми сол, новобаста аз фасли он ва муҳлати ҷамъоварӣ буридан мумкин аст, ки дар дигар намуди дарахтон ин ҳолат дида намешавад. Махсусияти дигари павловния дар солҳои аввали парвариш- ин баргҳои калони он мебошад, ки қутрашон ба 70-85 см мерасад ва барои хӯроки чорво истифода мешаванд. Ғизонокии он қариб ба юнучқа баробар аст. Он дар таркиби худ ҳангоми сабз будани баргҳо 20 фоиз протеин ва дар тирамоҳ баъди хазонрез гаштани баргҳо 12 фоиз протеин дорад. Аз ҳама фоизи зиёди протеин дар ниҳоли яксола мавҷуд мебошад. Агар ҳангоми бунёди плантатсияи павлония мақсади аосӣ тайёр намудани хӯроки чорво бошад, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш дар давоми 1 сол аз 1 гектар аз 35 то 40 тонна хӯроки серғизои чорво тайёр намудан имкон дорад.

Гулкунин павловния дар фасли баҳор шуруъ гардида, гулҳояш калон, бо ранги осмонӣ, гулобӣ ва ё сафед буда, гулкунии он 6-8 ҳафта давом менамояд. Баргҳои азим ва чатри калон дар ҷойҳои истироҳатӣ- боғҳо ва гулгаштҳо сояи ғафсу зич ба миён меоранд, ки ба ташкили қитъаҳои салқини муътадил дар шароити иқлими гарм дар маркази шаҳрҳои ҳавояшон газнок ва буғикунанда мусоидат менамоянд. Бо назардошти ин хусусият онро барои сабзазоркунии шафати шоҳроҳҳо, шаҳрҳо ва ҳудуди боғҳо васеъ истифода менамоянд.

Павловния хусусияти ултроафзоишӣ дошта, давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда мебошад. Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад миқдори 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. Майдони 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро аз худ намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.

Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молӣ мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молӣ ва аз ин бештар гирифтан мумкин аст. Бартарӣ дар он аст, ки дар парвариши павловния аз заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешавад.

Чӯби корие, ки аз дарахти павловния гирифта мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мулоим, ба оташ ва нами тобовар, сабук ва ба ҳашароти зараррасон устувор мебошад. Чӯбаш мулоим, вале беҳад ба қаткунӣ ва тобдиҳӣ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павловния тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намесозад. Чӯби павловнияро маъмулан барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш дар он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва мустаҳкам буда, ба осонӣ намшиканад. Бо сабаби чандир ва мустаҳкам буданаш онро дар соҳаи мебелсозӣ истифода мебаранд.

Тамоми қисмҳои дарахти павлонияро ҳамчун ашёи хоми энергетикӣ барои таъмини гармӣ ва истеҳсоли биогаз истифода бардан мумкин аст. Биогаз манбаи нави энергияи барқароршаванда буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ мебошад.

Мақсадҳои асосии Барнома дар чист?

Тавре мутахассис иброз дошт, яке аз мақсадҳои «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»- ин баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва сатҳи дониши соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ оид ба аҳамияти истифодаи павловния дар бунёди плантатсияҳо, агроҷангалпарварӣ ва пешбурди корҳои сабзазоркунӣ оид ба парвариши ниҳолҳои павловния дар ниҳолхонаҳо мебошад.

Ҳамзамон зиёд намудани майдонҳои плантатсияҳо ва истеҳсоли чӯби корӣ, паст намудани сатҳи таъсири антропогенӣ ба ҷангалҳои табиӣ,  зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ (занбӯр онро аз гули павловния ҳосил менамояд), баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳои ҷангал ва даромаднокии онҳо, мусоидат ба рушди иқтисодиёт ба воситаи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал,  баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ бо воситаи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти чӯбии ҷангал, баланд бардоштани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои ҷаҳонӣ оид ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мебошад.

Барои ноилшавӣ ба ин мақсадҳо кадом нишондиҳандаҳо дар назар аст?

Сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентӣ афзуд, ки тибқи Барнома, дар назар аст, ки парвариши ниҳолҳои павловния то ба 100 ҳазор бех дар як сол расонида шуда, бунёди плантатсияҳои саноатии павловния дар майдони зиёда аз 200 гектар дар заминҳои фонди давлатии ҷангал  ва дигар заминистифодабарандагон ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар асоси барнома зиёд намудани даромаднокии хоҷагиҳои ҷангал аз ҳисоби таъмини аҳолӣ бо ниҳолҳо ва чӯби корӣ, ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва бахши хусусӣ ба пешбурди фаъолияти хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал дар бунёди плантатсияҳо аз павловния ва дар ин замина таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии махаллӣ, амалӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба омӯзиши павловния дар назар аст.

Ташкили корҳо оид ба парвариши ниҳолҳои павловния дар ниҳолхонаҳои ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангал бо мақсади зиёд намудани миқдори ниҳолҳо зарур ва саривақтӣ буда, барои бо ниҳолҳои худӣ ва бо нархҳои дастрас таъмин намудани корҳои бунёди плантатсияҳо, сабзазорнамоии шафати шоҳроҳҳо ва боғу гулгаштҳо, инчунин фурӯши онҳо ба аҳолӣ мусоидат менамояд.