Перейти к содержимому
 

Дар ноҳияи Фирдавсӣ ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ қадрдонӣ гардиданд.

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ғолибони Олимпиадаи «Spelling Bee» ва инчунин ғолибони Олимпиада оид ба «Шоҳмот» бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин ба 43 омӯзгоре, ки дар соли 2023 ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар ноҳия заҳмат кашидаанд ва панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таълимии ноҳия барои иштироки фаъол ва ғолибияти бештар дар олимпиада бо Стелла ва диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардид.