Перейти к содержимому
 

27 декабр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 26.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 27 декабри соли 2023, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2023, аз соати 09:00 то 17:30 ва 27 декабри соли 2023 аз соати 08:00 то 09:30 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.