РӮДАКӢ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88-и деҳаи Мингичари Ҷамоати деҳоти Лоҳур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Бинои нави иловагии муассисаи таълимӣ бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) дар доираи татбиқи лоиҳаи «CASA-1000 — лоиҳаи дастгирии ҷомеа» сохта шуд, ки аз 4 синфхона барои 120 ҷойи нишаст дар 1 баст иборат мебошад. Дар он як ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон ва дар қитъаи замини муассиса 3 бинои ёрирасон бунёд гардидааст.
Ҳамчунин барои таъмини синфхонаҳо бо гармӣ дар фасли зимистон дар ин муассисаи навбунёд беҳтарин шароит муҳайё гардидааст. Бино бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Корҳои сохтмонии бинои иловагии ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби ҶДММ «Нури Шамс» бо маблағи 1 миллиону 452 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудаанд.
Яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистонро таъмини зиндагии арзанда ва муҳайё намудани шароити созгори таҳсилу фаъолият барои аҳолӣ ташкил медиҳад. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи нек дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, соҳибкорон ва сокинони ҷумҳурӣ пайваста талош намуда, аз тамоми имконияту захира ва зарфияти мавҷуда истифода мебарад.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ созандагию бунёдкорӣ дар соҳаи маориф идома дорад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯз то рӯз мушкилии норасоии ҷойи нишаст ва мизу курсӣ дар муассисаҳои таълимӣ бартараф мегардад.