Перейти к содержимому
 

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар Озарбойҷон соҳиби ду медали тилло шуданд.

ДУШАНБЕ, 25.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни наврасон, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир шуд, ғолиб шуда, ду медали тилло ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Мусобиқа дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба хотираи Аббос Агаларов баргузор шуд.

Дар он 97 варзишгари соли таваллудашон 2006-2007 аз 7 давлат дар 13 вазн сабқат намуданд.

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани ду медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ мушарраф шуданд. Анӯшервон Фозилов дар вазни -54кг ва Руслан Ғафуров дар вазни 63,5кг ғолиби мусобиқа гардиданд.

Мансурхӯҷа Мӯъминов дар вазни -48кг медали нуқра, Муҳсин Раҳмонов дар вазни -51кг медали биринҷӣ гирифтанд.