Перейти к содержимому
 

«РАССОМИ НАВРАС». Дар Душанбе озмуни шаҳрӣ ҷамъбаст шуд.

ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Озмуни шаҳрии «Рассоми наврас» ҷамъбаст гардид, ки ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврас дар соҳаи санъати тасвирӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносии кӯдакону наврасон, омодагии онҳо ба озмуну фестивалҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҷалби кӯдакону наврасон ба санъати рассомӣ ва тарғиби асарҳои рассомони наврас доир гардид.

Бо такя ба Низомномаи озмун он дар ду гурӯҳи синнусолӣ-аз 8 то 12- сола ва аз 13 то 17-сола баргузор шуд. Дар озмун муҳассилини мактабҳои рассомӣ, санъат ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, ки теъдодашон аз сад нафар зиёд буд, иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки ба озмун беш аз 300 расми маҳсули эҷоди кӯдакону наврасон пешниҳод гардид, ки яке аз дигаре зеботар буд.

Ғолибон бо ҷоизаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.