Перейти к содержимому
 

Ғизои солим.

Дар Муассисаи томактабии рақами 20-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба масъалаи ғизои солим аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Масъулини кӯдакистон мекӯшанд, ки ҳар ҳафта барои Муассиса аз ширкатҳои ватанӣ маводи хӯрокаро дастрас намуда, кӯдаконро бо 3 вақт хӯроки серғизо таъмин намоянд. Зеро хӯроки серғизо кӯдаконро ҳаматарафа ҷисману рӯҳан ташаккул медиҳад. Дар Муассисаи томактабии рақами 20-уми ноҳияи Фирдавсӣ  айни замон 8 гуруҳ амал карда, дар онҳо 250 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамзамон  масъулин ва кормандони Муассисаи томактабӣ ба давраи сармо омодагиро ҳанӯз аз моҳи августи соли 2023 сар карда, ба миқдори 3 куб ҳезум, ангишт-2 тонна, 20 летр сӯзишворӣ, 150 кило намак, 100 кило қум захира карда шудааст. Ба гуруҳҳо тавассути элеватор оби гарм тақсим карданд.