Бо мақсади санҷидани қобилияту маҳорати суханварии дӯстрӯякон таи чанд соли охир дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо ибтикори Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи пойтахт миёни тарбиятгирандагони Муассисаҳои томактабӣ озмуни «Доноякон» роҳандозӣ мегардад. Даври ноҳиявии озмун бо дастгирии шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки тарбиятгирандагони 12-Муассисаи томактабии ноҳияи мазкур дар Муассисаи томактабии рақами 15-уми ноҳияи номбаршуда, ҷараён гирифт. Бояд қайд намуд, ки довталабони озмун нахуст, маҳорати хешро аз рӯи шарти шеърхонӣ санҷиданд. Натиҷаи озмун аз рӯи холҳои ба дастовардаи довталабон бо пешниҳоди аъзои ҳакамон рӯзҳои наздик маълум гардида, ғолибон ба даври шаҳрии озмун роҳхат мегиранд.