Перейти к содержимому
 

Идомаи даври ниҳоии мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти ҷоми «Пешвои миллат».

Имрӯзҳо мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот ва шашка дар Маҷмааи варзишии Борбади ш. Душанбе дар сатҳи хуб ҷараён гирифта истодааст. Мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти ҷоми "Пешвои миллат" бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки даври шаҳрии сабқати мазкур аз санаи 24-уми моҳи ноябр оғоз гардида, то 30-юми моҳи равон идома ёфт. Даври ҷумҳуриявӣ бошад то санаи 9-уми моҳи равон идома карда, 8 даста ширкат хоҳанд намуд. Тибқи иттилои масъулини соҳа дар даври ниҳоии ин мусобиқа зиёда аз 160 нафар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ миёни ҳам сабқати зеҳнӣ менамоянд. Мусобиқа аз рўйи системаи швейтсарӣ  сурат мегирад.