Перейти к содержимому
 

Дар Душанбе Форуми миллии волонтёрон мегузарад.

ДУШАНБЕ, 06.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон, ки ҳамасола 5 декабр бо баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун мегузарад, дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон — ояндаи давлат» Форуми миллии волонтёрон идома дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Форум ба маркази ташаббусҳои волонтёрӣ ва навовариҳои ҷавонон табдил ёфта, роҳбарон ва фаъолони тамоми шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъ овардааст.

Мақсади форум-муттаҳидии ҷавонон, коршиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубодилаи дониш ва таҷриба мебошад. Наврасону ҷавонон имкон пайдо намуданд, ки дар форум бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон суҳбати озод анҷом диҳанд.

Форум аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ба ҳамсол» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсони маъруф ва муваффақ дар соҳаи волонтёрӣ, блогерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, дизайн, инчунин волонтёрони фаъол ва намояндагони ташкилоти кор бо ҷавонон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.

Форум фазои кушоде хоҳад буд, ки дар он иштирокчиён ва меҳмонон метавонанд дар сессияҳо оид ба рушди донишу маҳорат барои дарёфти кори фосилавӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, санъати идоракунии вақт ва салоҳияти асосии асри 21, ки барои муваффақият дар ҷаҳони зудтағйирёбанда зарур мебошанд, иштирок намоянд. Форум платформаи вохӯрии ҷавонон ва коршиносон мегардад, ки дар он ҳар нафар барои худ чизе- аз мусоҳибаҳои ҷолиб то семинарҳои эҷодӣ ёфта метавонад.

Дар форум мавзуъҳои таъсири фаъолияти волонтёрӣ ба ҳаёти инсон ва ҷомеа, пайдоиши касбҳои нав ва талаботи бозори меҳнат дар оянда, истифодаи технологияҳои навин, аз қабили зеҳни сунъӣ (ChatGPT, Imagen, BLOOM) фаро гирифта мешаванд.

Форум бо сайру гашти маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва Ҳисор ба охир расида, ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки бо таъриху фарҳанги тоҷикон аз наздик шинос шуда, аз он баҳра баранд.

Ёдовар мешавем, ки форум 3 декабр оғоз гардида, имрӯз анҷом меёбад.